Таъйиноти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон: киҳо вазифа гирифтанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон провел кадровые назначения в в структурах Министерства внутренних дел
Эмомали Рахмон провел кадровые назначения в в структурах Министерства внутренних дел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2025
Обуна шудан
Роҳбари давлат бо кадрҳои навтаъйин суҳбат намудда, онҳоро ба хидмати софдилонаю содиқона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят кард
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ сурат гирифт, хабар дод дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Манбаъ дар робита ба ин иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳур бо кадрҳои тозатаъйин вохӯрӣ ва суҳбат доир кард.
"Тибқи моддаи 9-уми Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” дар мувофиқа бо роҳбари давлат ба вазифаҳои роҳбарӣ дар як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногун кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону варзида таъин карда шуданд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Зикр гардид, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Вализода Илҳомиддин муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.
Илова бар ин, роҳбарони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Панҷакент, Гулистон, Конибодом, Левакант, ноҳияҳои Муминобод, Данғара, Хуросон, Шаҳритус, Ёвон, Балҷувон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Ванҷ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз ҳисоби мутахассисони варзида таъин гардиданд.
Дар идома қайд гардид, ки роҳбари давлат зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуд.
Президент ҳамчунин хост бо мардум дар муошират боодоб бошанд ва дар фаъолияти худ ба омӯзиши забонҳои байналмилалӣ ва технологияи нав диққати бештар диҳанд.
Кадрҳои навтаъйин вазифадор шуданд, ки талаботи нави қонунгузорӣ дар бораи истифодаи дурусти нерӯи барқро назорати ҷиддӣ кунанд.
Қаблан, роҳбари давлат дар як ҷаласа изҳор дошт, ки бигзор барои пардохт накардани пули барқ ва истифодаи ғайриқонунии он ҷавобгарӣ таъйин шавад.
Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2025
Муҷозот барои напардохтани пули барқ расмӣ шуд: Раҳмон қонунро имзо кард
Пасон, Эмомалӣ Раҳмон зери санаде имзо гузошт, ки тибқи он шаҳрванд барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё барои бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Ҳамин тариқ, барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0