Наришкин ғалабаро бар фашизм рамзи робитаи маънавии кишварҳои ИДМ номид

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкДиректор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин, архивное фото
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2025
Обуна шудан
Роҳбари Хадамоти истихбороти хориҷии Русия ба ин назар аст, ки ғалаба бар фашизм рамзи робитаи маънавии сокинони кишварҳои ИДМ мебошад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ғалаба бар фашизм бо қаҳрамонии оммавии тамоми халқи шӯравӣ, бо кӯшиши ҳар як ҷумҳурии ИҶШС ба даст омад.
Дар ин бора роҳбари Хадамоти кашфи хориҷии Русия, Сергей Наришкин изҳор дошт ва гуфт, ғалаба бар фашизм абадан рамзи робитаи маънавии сокинони кишварҳои ИДМ мебошад.
Ин ҳарфҳои роҳбари Хадамоти кашфи хориҷии Русия дар ифтитоҳи конфронси байналмилалии бахшида ба "80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ" дар Маскав садо дод.
Ғалабаи бузург бар фашизм бо қаҳрамонии оммавии тамоми халқи шӯравӣ, талошҳои ҳар як ҷумҳурии ИҶШС ба даст омад. Шикасти душманро сарбозони Чин, иштирокчиёни Муқовимати аврупоӣ ва сарбозони кишварҳои эътилофи зиддигитлеристӣ ҳамаҷониба наздик карданд", - қайд кард Наришкин.
Дар идома ӯ гуфт, корнамоии муқаддаси насли ғолибон дар хотираи миллӣ устувор гашт, то абад рамзе гардид, ки сокинони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро аз ҷиҳати маънавӣ ба ҳам мепайвандад, "ҷомеаи илмии кишварҳои моро муттаҳид мекунад".
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки сарфи назар аз кӯшиши сиёсӣ ва аз нав навиштани таърих, хотираи ҷангро миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон нигоҳ медоранд.
Торжественная церемония, посвященная Сталинградской битве, в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2025
Русия дар лоиҳае бахшида ба 80-солагии Ғалаба аз қаҳрамонии тоҷикон ёдовар шуд
Маврид ба зикр аст, ки Вазорати дифои Русия бахшида ба 80-умин солгарди Ғалабаи бузург лоиҳаи мултимедияии навро роҳандозӣ кард. Дар ин сомона ҳикояҳо дар бораи ходимони барҷастаи Иттифоқи Шӯравӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Миёни онҳо ғайр аз намояндагони ҷумҳуриҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамонони Тоҷикистони Шӯравӣ низ ҳузур доранд.
Лентаи хабарҳо
0