Генерал Шоҳ Искандар дар ВКД вазифаи нав гирифт

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанГенерал Искандарзода Мухаммадшох
Генерал Искандарзода Мухаммадшох - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2025
Обуна шудан
Беш аз 30 кадр дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъйину барканор гардиданд. Бо кадрҳои навтаъйин роҳбари давлат суҳбат орост
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Генерал Искандарзода, ки бо номи Шоҳ Искандар маъруф аст, дар ВКД Тоҷикистон мақоми нав гирифт.
Дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Маҳаммадшоҳ Искандарзода ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъйин шудаст.
Шоҳ Искандар аз собиқ қумандони мухолифин аст, ки баъди истиқрори сулҳ корро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз карда буд.
Вай роҳбарии мақомоти милиса дар Рашт, Турсунзода, Исфара ва Бӯстонро ба уҳда дошт.
Ҳамзамон, генерал-майор Рустам Мирзомуродзода, ки солҳои охир сардори БДА буд, акнун сардори Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. То таъйин шудани Мирзомуродзода дар ин симат Абдураҳмонзода Миралӣ ифои вазифа мекард.
Эмомали Рахмон провел кадровые назначения в в структурах Министерства внутренних дел - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2025
Таъйиноти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон: киҳо вазифа гирифтанд
Бояд гуфт, Воҳиди махсус ба таъмини амнияти масири ҳаракати раисҷумҳури Тоҷикистон ва меҳмонони баландпояи хориҷӣ машғул аст.
Ҳамчунин ба ҷои Баротзода Тоҳир, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, генерал-майори милитсия Назарзода Бахтиёр таъйин гардид.
Умарзода Бахтиёр аз вазифаи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД озод ва ба курсии ӯ Мирзозода Рустам такя зад.
Ҳамчунин, полковники милитсия Абдулқодирзода Ҷафар ба ҷои Шарифзода Темур сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД таъин шудааст.
Ҳамчунин, генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб ба ҷои Азиззода Абдуғафор сардори нави Раёсати ташхиси (экспертӣ) криминалистии ВКД ва полковники милитсия Содиқзода Камолҷон ба ҷои Назризода Шаҳриёр сардори нави Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и ВКД таъин шудаанд.
ВКД иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, раёсату шӯъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногун кадрҳои "соҳибтаҷриба ва ҷавону варзида таъйин карда шуданд".
Лентаи хабарҳо
0