БАОР: Таварруми солона дар Тоҷикистон то 3,4% коҳиш ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост , архивное фото
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2025
Обуна шудан
Коршиносони БАОР мегӯянд, дар шароити устувории қурби пули миллӣ ва ва вуқуъи фишори таваррум аз воридот то поёни сол рушди таваррум дар Тоҷикистон коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) рушди қиматҳои масрафкунанда дар Тоҷикистон дар марти 2025 ба 3,4% дар муқоиса бо муддати мушобеҳ дар соли 2024 коҳиш ёфт, дар ҳоле ки ин рақам дар моҳи феврал 3,7% буд.
Дар ин бора дар гузориши ахири Бонки АвруОсиёии Рушд гуфта шудааст.
Таҳлилгарони ин бонк пешбинӣ доранд, ки ба далели устувории пули миллӣ ва вуқуъи фишори таваррум аз воридот то поёни сол рушди таваррум дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт.
"Мо интизорем, ки талаботи баланди дохилӣ то охири соли 2025 боиси афзоиши таваррум мешавад, аммо арзиши он дар доираи ҳадафи муқарраркардаи Бонки миллӣ - 5% плюс ё минус 2% боқӣ мемонад", - пешгӯӣ мекунад БАОР.
Гуфта мешавад, ки мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2024 то 3,6% коҳиш хоҳад ёфт, ки аз 3,8% дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.
Монеты в виде графика роста цен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2025
БАОР пешгӯӣ дорад, ки то охири соли ҷорӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон суръат мегирад
Ёдовар мешавем, ки қаблан таҳлилгарони ин бонк хабар дода буданд, ки Тоҷикистонро дар соли 2025 суръати баланди рушди иқтисод интизор аст.
Иқтисоддонҳои БАОР афзоиши ММД-и Тоҷикистонро 8,4% пешгӯи доранд.
Илова бар ин, таҳлилгарони ин бонк то охири соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистонро 5,9 % пешбинӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0