https://sputnik.tj/20250415/suporish-rahmon-osebdidagon-rasht-kumaki-1066993059.html
Бо супориши Раҳмон ба осебдидагони Рашт кӯмаки башардӯстона равон карда шуд
Бо супориши Раҳмон ба осебдидагони Рашт кӯмаки башардӯстона равон карда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида зери назорати президент аст
2025-04-15T18:42+0500
2025-04-15T18:42+0500
2025-04-15T19:02+0500
дар тоҷикистон
раисҷумҳур
президент
кӯмак
осебдидагон
рашт
эмомалӣ раҳмон
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066981425_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b8097a1e401feb864c2fa753a38c4f54.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо равон карда шуд.Корвони мошинҳо иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣба ин минтақа фиристода шуд, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дастур додааст.Таъкид шудааст, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат доимии президенти кишвар қарор дорад.Бояд қайд кард, ки бо супориши раисҷумҳур баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.Комиссияи ҳукуматӣ иборат аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иборат мебошад.Комиссияи мазкур оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардидаро баррасӣ хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд.
https://sputnik.tj/20250414/sadho-khona-bino-vayron-kushta-elon-natija-zarar-zaminjunbi-tojikiston-1066965443.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066981425_98:0:1538:1080_1920x0_80_0_0_0fbcc2790d12a60e20abd7a81321b987.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон, кӯмак, рашт, осебдидагон, заминларза
тоҷикистон, раисҷумҳур, эмомалӣ раҳмон, кӯмак, рашт, осебдидагон, заминларза
Бо супориши Раҳмон ба осебдидагони Рашт кӯмаки башардӯстона равон карда шуд
18:42 15.04.2025 (Навсозишуда: 19:02 15.04.2025) Ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида зери назорати президент аст
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳо равон карда шуд.
Корвони мошинҳо иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣба ин минтақа фиристода шуд, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дастур додааст.
Таъкид шудааст, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат доимии президенти кишвар қарор дорад.
Бояд қайд кард, ки бо супориши раисҷумҳур баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматӣ иборат аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иборат мебошад.
Комиссияи мазкур оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардидаро баррасӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025, дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд.