Ҳоли Рустам Ятимов, ки бо сар сахт ба замин заду аз ҳуш рафт, хуб аст

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаГолкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов
Голкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2025
Обуна шудан
Баъди бозӣ, ки бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи "Ростов" анҷом ёфт, Ятимов аз беморхона пирӯзиро шодбош гуфту мухлисонро ба бозии оянда бо дастаи "Локомотив" даъват намуд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Рустам Ятимов, дарвозабони тими миллии Тоҷикистон ва дастаи "Ростов"-и Русия дар рақобат бо тими "Факел"-и Воронеж захм бардоштааст.
Дидори дастаҳо дар даври 25-уми Лигаи олии Русия 20 апрез доир шуда, Ятимов дар қисми дуюми бозӣ ҳангоми доштани тӯб аз назди ҳариф бо сар дар замин зад ва аз ҳуш рафт.
Ӯ танҳо пас аз кумаки табибон ба худ омад.
Сармураббии дарвозабони бошгоҳи футболи "Ростов" Виталий Кафанов ба расонаҳо гуфт, ки дарвозабон Рустам Ятимов аз сараш осеб дидааст.
Баъди бозӣ, ки бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими Ростов анҷом ёфт, Ятимов аз беморхона пирӯзиро шодбош гуфту мухлисонро ба бозии оянда бо дастаи "Локомотив" даъват намуд.
Хадамоти матбуоти "Ростов" низ як видеои кӯтоҳеро нашр кардааст, ки дар он Ятимовро дар варзишгоҳ нишон медиҳад. Эҳтимол, дарвозабон аллакай баъди ташхис ба бошгоҳ баргаштааст.
"Рустик бо даста аст!". — гуфта мешавад дар изҳорот ростовиҳо.
Голкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2024
Рустам Ятимов расман ба Лигаи бартари Русия гузашт
Вохурӣ бо ғалабаи ростовиҳо бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Ҳоло тими "Ростов" 36 хол дорад ва дар ҷадвали қаҳрамонии Русия ҷои ҳафтумро ишғол мекунад.
Ятимов дарвозабони тими миллии Тоҷикистон аст. Вай соли 2024 ба дастаи "Ростов" пайваст ва дар ҳайати даста 22 бозӣ анҷом додааст.
Лентаи хабарҳо
0