https://sputnik.tj/20250421/rubl-tojikiston-bolorav-kame-kohish-yoft-1067058615.html
Рубл дар Тоҷикистон пас аз болоравӣ каме коҳиш ёфт
Рубл дар Тоҷикистон пас аз болоравӣ каме коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бар асоси додаҳои нави БМТ, қурби пули русӣ нисбат нишондоди ахир 1,1 сомонӣ коҳиш ёфтааст
2025-04-21T09:23+0500
2025-04-21T09:23+0500
2025-04-21T09:23+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_0:114:3072:1842_1920x0_80_0_0_03b125d290d11380f84a03557149b327.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Қимтаи ҳарсе асъори маъмули хориҷӣ дар Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ-сомонӣ каҳиш ёфтааст.Тибқи нишондоди Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 135,5 сомонӣ арзиш дорад.Ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 136,6 сомонӣ буд.Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам коҳиш ёфтааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.8149 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,7122 сомонӣ қимат дорад.Пули аврупоӣ ҳам чун рублу доллар рӯ ба коҳиш дошта, ҳар евро 12,1851 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 12,2955 сомонӣ медоданд.Ёдовар мешавем, ки асъорӣ русӣ панҷшанбеи 17 апрез ба нишондодҳои ду соли пеш расида, ҳар 1000 рубл ба 137,3 сомонӣ баробар гардида буд.Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба Ватан маблағ мефиристанд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20241011/hissai-rubl-dodugirifti-tojikiston-rusiya-1064676163.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337452_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_220afa48a394fdf057af3e7367cccd24.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл тоҷикистон болоравӣ кам коҳиш
рубл тоҷикистон болоравӣ кам коҳиш
Рубл дар Тоҷикистон пас аз болоравӣ каме коҳиш ёфт
Дар Тоҷикистон бар асоси додаҳои нави БМТ, қурби пули русӣ нисбат нишондоди ахир 1,1 сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Қимтаи ҳарсе асъори маъмули хориҷӣ дар Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ-сомонӣ каҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 135,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 136,6 сомонӣ буд.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ ҳам коҳиш ёфтааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.8149 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,7122 сомонӣ қимат дорад.
Пули аврупоӣ ҳам чун рублу доллар рӯ ба коҳиш дошта, ҳар евро 12,1851 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 12,2955 сомонӣ медоданд.
Ёдовар мешавем, ки асъорӣ русӣ панҷшанбеи 17 апрез ба нишондодҳои ду соли пеш расида, ҳар 1000 рубл ба 137,3 сомонӣ баробар гардида буд.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба Ватан маблағ мефиристанд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.