https://sputnik.tj/20250421/daromadi-bujai-bokhtar-afzoish-yoft-1067066931.html
Даромади буҷаи Бохтар афзоиш ёфт
Даромади буҷаи Бохтар афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон қисми даромади буҷети шаҳри Бохтар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 106 фоиз таъмин гардид
2025-04-21T17:59+0500
2025-04-21T17:59+0500
2025-04-21T17:59+0500
дар тоҷикистон
бохтар
иқтисод
буҷа
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043244117_244:0:3072:1591_1920x0_80_0_0_e39e296efd93772ff2e1733b837a2ed8.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ба буҷаи шаҳри бохтар ба ҷойи 279 миллион сомонии пешбинишуда 296,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар дар семоҳаи якуми соли 2025 хабар дода шуд.Қайд гардид, ки дар ин давра дар маркази маъмурии вилоят 2207 ҷойи нави кори доимӣ ва беш аз 3000 ҷойи кории муваққатӣ таъсис дода шуд.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, музди миёнаи моҳонаи кормандон дар шаҳр 2275 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 15% афзудааст.Таъкид шудааст, ки қарздории музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст.Ҳоло дар шаҳри Бохтар 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла 1 лоиҳа бо сармояи мустақим амалӣ мешавад.Самтҳои асосии ин лоиҳаҳо бехатарии роҳҳо, таъмири шабакаи обу корез, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ беш аз 20 млн сомониро ташкил медиҳад.Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи аввал 330,6 млн сомон буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3 миллион сомонӣ зиёд аст (афзоиш - 110,8%).Гуфта шуд, ки дар доираи Солҳои рушди саноат (2022–2026) дар шаҳри Бохтар 16 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Соли гузашта 6 корхона бо таъсиси 103 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кард.
https://sputnik.tj/20241107/safar-danghara-bokhtar-rohattar-shud-rahmon-rohi-navr-boz-kard-1065029395.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043244117_916:0:3055:1604_1920x0_80_0_0_0bfc09c6096cf10ad1b65056e43220f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, буҷа, даромад, бохтар, хатлон
тоҷикистон, буҷа, даромад, бохтар, хатлон
Даромади буҷаи Бохтар афзоиш ёфт
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон қисми даромади буҷети шаҳри Бохтар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 106 фоиз таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ба буҷаи шаҳри бохтар ба ҷойи 279 миллион сомонии пешбинишуда 296,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар дар семоҳаи якуми соли 2025 хабар дода шуд.
Қайд гардид, ки дар ин давра дар маркази маъмурии вилоят 2207 ҷойи нави кори доимӣ ва беш аз 3000 ҷойи кории муваққатӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, музди миёнаи моҳонаи кормандон дар шаҳр 2275 сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 15% афзудааст.
Таъкид шудааст, ки қарздории музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳоло дар шаҳри Бохтар 5 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла 1 лоиҳа бо сармояи мустақим амалӣ мешавад.
Самтҳои асосии ин лоиҳаҳо бехатарии роҳҳо, таъмири шабакаи обу корез, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ беш аз 20 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи аввал 330,6 млн сомон буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3 миллион сомонӣ зиёд аст (афзоиш - 110,8%).
Гуфта шуд, ки дар доираи Солҳои рушди саноат (2022–2026) дар шаҳри Бохтар 16 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Соли гузашта 6 корхона бо таъсиси 103 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кард.