Чин мехоҳад дар вилояти Суғд истеҳсоли мошинҳои барқиро ба роҳ монад

© Foto / Пресс-служба администрации Согдийской областиВстреча Раджаббоя Ахмадзоды с главой компании "Инсиан Групп" Хуан Лоном
Встреча Раджаббоя Ахмадзоды с главой компании Инсиан Групп Хуан Лоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2024
Обуна шудан
Ширкати "Инсян Групп"-и Ҷумҳурии мардумии Чин пас аз омӯзиши имкониятҳои мавҷуда омодааст ҳамкориро бо вилояти Суғд дар самти истеҳсоли мошинҳо ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ахиран дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати "Инсян Групп"-и Ҷумҳурии мардумии Чин Хуан Лон истеҳсоли мошинҳои барқӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ширкати чинӣ ба истеҳсоли мошинҳои боркаши барқӣ, сабукрав, партовкашон, оташнишон, боркашони хурд, автобусу микроавтобуси барқиву дизелӣ ва моторолҳои барқӣ машғул мебошад.
© Foto / Пресс-служба администрации Согдийской областиВстреча Раджаббоя Ахмадзоды с главой компании "Инсиан Групп" Хуан Лоном
Встреча Раджаббоя Ахмадзоды с главой компании Инсиан Групп Хуан Лоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2024
Роҳбари ширкати "Инсян Групп"-и Ҷумҳурии мардумии Чин Хуан Лон зимни мулоқот таъкид кард, ки пас аз омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ширкат омода аст ҳамкориро бо вилояти Суғд дар самти истеҳсоли мошинҳо ба роҳ монад.
Тибқи иттилои манбаъ тарафҳо ҳамчунин зимни мулоқот аз таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карданд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар дидор дар бораи имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки дар вилоят якчанд корхонаи муштарак фаъолият дорад.
“Ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёд буда, вилояти Суғд метавонад ҳамкориҳоро тақвият бахшад”, - гуфт ӯ.
Зимни мулоқот тарафҳо ҳамчунин дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Шерали Кабир  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2024
Шералӣ Кабир: Тоҷикистон мошинҳои барқии сохти худашро тавлид хоҳад кард
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Шералӣ Кабир Вазири саноат ва технологияҳои нав зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон бояд ба таври аҳсан аз захоири табии хеш истифода кунад ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки оби пок ва потенсиали азими энержӣ дорад, қатъан бояд ба самти истифода ва тавлиди худравҳои барқӣ биравад.
“Ҳол мебинед, ки теъдоди худравҳои барқӣ дар кишвар, қабл аз ҳама шаҳри Душанбе меафзояд ва аз имконоту роҳатии он хабар доред. Масалан, чаҳор то панҷ баробар коромадтару камхарҷтар аст аз нигоҳи молиявӣ ва созгор аст бо муҳит зист”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.
Вай афзуд, Тоҷикистон худ тасмим дорад, ки тавлиди худравҳои барқиро дар қаламрави кишвар ба роҳ монад.
“Мо дар ҳоли тавсеаи се проект бо кишвари Чин ҳастем. Албатта, интиқоли фановарӣ аз Чин интизор намеравад. Барои фаҳмидани шумо мисоли Ӯзбекистонро бароятон мезанам. Як проект бо ширкати чинии BYD дар ҳол ҳозир дар он кишвар иҷро мешавад. Аммо онҳо сари тавлиди худравҳои ҳибридӣ ҳамкорӣ доранд ва фановариҳои тавлиди худравҳои барқӣ ҳанӯз мунтақил нашудааст”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо се ширкати чинӣ вориди музокира шуда, дар ин амр пешравиҳое ҳам доштааст.
Лентаи хабарҳо
0