https://sputnik.tj/20250412/rahmon-napardokhtani-puli-barq-javobgari-1066945136.html
Супориши Раҳмон: Ба мардум фаҳмонед, ки напардохтани пули барқ ҷавобгарӣ дорад
Супориши Раҳмон: Ба мардум фаҳмонед, ки напардохтани пули барқ ҷавобгарӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи аввали Маҷлиси миллӣ ба мавзуи ба ҷавобагарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрванд барои напардохтани пули барқ таваҷҷуҳи хос зоҳир кард
2025-04-12T10:28+0500
2025-04-12T10:28+0500
2025-04-12T10:28+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
ҷавобгарии ҷиноӣ
пардохт
вакилон
супориш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0b/1066949475_0:98:2048:1251_1920x0_80_0_0_95587d0a506433d0abdabfeecdaf29fa.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Маҷлиси мииллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар бораи назорати истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, таъкид кардЭмомалӣ Раҳмон ба татбиқи қонуни нави Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ки то ба сатҳи ҷавобгарии ҷиноятӣ расондани масъулият барои истифодаи ғайриқонунӣ ва напардохтани маблағи барқро пешбинӣ менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.Вай таъкид кард, ки талаботи нав бояд ба мардум хуб фаҳмонда шавад, то ки бохабар бошанд ва риоя кунанд, худро ба мушкилиҳои нав, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ дучор насозанд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми март дар маҷлиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад.Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ахири ҳукумат аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард.Кишвардори Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо супоришҳои мушаххас дод.Ин дар ҳолест, ки ширкати "Барқи Тоҷик" қарзи аҳолиро аз нерӯи барқ то моҳи январи соли 2025 як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ ҳисоб кардааст.Ҳар киловат соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ба 30,37 дирам фурӯхта мешавад. Бо қарори ҳукумат, аз якуми апрели имсол ин рақам ба 35,36 дирам хоҳад расид.Тоҷикистон дар соли 2024 зиёда аз 22 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Талаботи солонаи кишвар дар умум 19 миллиард киловат соат гуфта мешавад. Дар соли 2024 ба зиёда аз 906 миллион сомонӣ ба хориҷа барқ фурӯхта шудааст.
https://sputnik.tj/20250327/rahmon-peshnihod-pardokht-puli-barq-javobgarii-jinoyati-1066737563.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0b/1066949475_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_3414ed9d2dbb986d1e307dd59a914d8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷавобгарии ҷиноятӣ, супориш, эмомалӣ раҳмон, барқ, насупоридани пули барқ
тоҷикистон, ҷавобгарии ҷиноятӣ, супориш, эмомалӣ раҳмон, барқ, насупоридани пули барқ
Супориши Раҳмон: Ба мардум фаҳмонед, ки напардохтани пули барқ ҷавобгарӣ дорад
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи аввали Маҷлиси миллӣ ба мавзуи ба ҷавобагарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрванд барои напардохтани пули барқ таваҷҷуҳи хос зоҳир кард
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Маҷлиси мииллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар бораи назорати истифодаи сарфакоронаи барқ, кам кардани талафоти он, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ин ҷода, таъкид кард
Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи қонуни нави Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, ки то ба сатҳи ҷавобгарии ҷиноятӣ расондани масъулият барои истифодаи ғайриқонунӣ ва напардохтани маблағи барқро пешбинӣ менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Вай таъкид кард, ки талаботи нав бояд ба мардум хуб фаҳмонда шавад, то ки бохабар бошанд ва риоя кунанд, худро ба мушкилиҳои нав, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ дучор насозанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми март дар маҷлиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад.
Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ахири ҳукумат аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард.
Кишвардори Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо супоришҳои мушаххас дод.
Ин дар ҳолест, ки ширкати "Барқи Тоҷик" қарзи аҳолиро аз нерӯи барқ то моҳи январи соли 2025 як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ ҳисоб кардааст.
Ҳар киловат соат нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ба 30,37 дирам фурӯхта мешавад. Бо қарори ҳукумат, аз якуми апрели имсол ин рақам ба 35,36 дирам хоҳад расид.
Тоҷикистон дар соли 2024 зиёда аз 22 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Талаботи солонаи кишвар дар умум 19 миллиард киловат соат гуфта мешавад. Дар соли 2024 ба зиёда аз 906 миллион сомонӣ ба хориҷа барқ фурӯхта шудааст.