https://sputnik.tj/20250420/kotibon-shuroho-osiyoi-markazi-amniyat-mintaqa-barrasi-kardand-1067053635.html
Котибони шӯроҳои Осиёи Марказӣ амнияти минтақавиро баррасӣ карданд
Котибони шӯроҳои Осиёи Марказӣ амнияти минтақавиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Зимни мулоқот дар Ӯзбекистон масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ баррасӣ шуданд 20.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-20T09:30+0500
2025-04-20T09:30+0500
2025-04-20T09:30+0500
осиёи марказӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067042942_0:78:750:500_1920x0_80_0_0_ebe247103d31dd4c47d4c27809cb3787.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Самарқанд нишасти дуюми котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" хабар додааст. Манбаъ афзуд, дар ин чорабинӣ котибони шӯроҳои амниятии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва атташеи низомии Сафорати Туркманистон дар Тошканд низ ширкат доштанд.Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ дахл карданд. Ғайр аз он, иштирокчиён ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти экологӣ дар минтақа, инчунин талошҳои муштаракро барои таъмини амнияти нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ ва рушди иқтидори нақлиётӣ ва транзитии он баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, ки дар мулоқот қарор қабул шуд, ки ҷаласаи навбатии котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2026 дар Душанбе баргузор шавад.Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистону Русия якҷоя бо ҷинояткории фаромиллӣ мубориза хоҳанд бурд.
https://sputnik.tj/20250418/tojikiston-rusiya-durnamo-hamkori-strategi-hampaymoni-1067034522.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067042942_80:61:665:500_1920x0_80_0_0_cb3a663a969d1dce72735f42e16fccaa.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, амният ва мудофиа
осиёи марказӣ, амният ва мудофиа
Котибони шӯроҳои Осиёи Марказӣ амнияти минтақавиро баррасӣ карданд
Зимни мулоқот дар Ӯзбекистон масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Самарқанд нишасти дуюми котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" хабар додааст.
Манбаъ афзуд, дар ин чорабинӣ котибони шӯроҳои амниятии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва атташеи низомии Сафорати Туркманистон дар Тошканд низ ширкат доштанд.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ дахл карданд.
Ғайр аз он, иштирокчиён ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти экологӣ дар минтақа, инчунин талошҳои муштаракро барои таъмини амнияти нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ ва рушди иқтидори нақлиётӣ ва транзитии он баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот қарор қабул шуд, ки ҷаласаи навбатии котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2026 дар Душанбе баргузор шавад.
Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистону Русия якҷоя бо ҷинояткории фаромиллӣ мубориза хоҳанд бурд.