https://sputnik.tj/20250418/tojikiston-rusiya-durnamo-hamkori-strategi-hampaymoni-1067034522.html
Тоҷикистону Русия дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймониро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Русия дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймониро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз тамоили мусбати рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо Русия изҳори қаноатмандӣ намуд
2025-04-18T13:03+0500
2025-04-18T13:03+0500
2025-04-18T13:27+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067034665_0:207:1280:927_1920x0_80_0_0_824e106b79e19b13dcc12024fe54225e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко сурат гирифт.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, баррасӣ гардид.Ҳамчунин дар мулоқот таъкид гардид, ки саҳми робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла фаъолияти густурдаи Комиссия оид ба ҳамкории байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, дар таъмиқи муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия назаррас аст.Инчунин ҷонибҳо аз тамоили мусбати рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.Дар мулоқоти мазкур истифодаи босамари зарфиятҳои мавҷуда дар самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, саноат, аграрӣ ва илму фарҳанг зарур дониста шуд.Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуданд.Ёдовар мешавем, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, иштирок намуд.Дар ҷаласаи мазкур, инчунин Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ширкат варзиданд.Дар ҷаласаи Санкт-Петербург масоил дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ дар соли 2024, ташкили мушоҳидаҳои интихобот дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии ИДМ, ҳамкории кишварҳои созмон дар таҳкими амнияти наздисарҳадӣ дар марзҳои берунӣ ва дигар масоили ҷорӣ мавриди баррасӣ шуд.Манбаъ хабар додааст, ки зимни суханронии худ Рустами Эмомалӣ дар ин ҷаласа дар бораи натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ изҳори қаноатмандӣ намудааст.
https://sputnik.tj/20250417/rustami-emomali-sankt-peterburg-raft-1067015367.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067034665_0:76:1280:1037_1920x0_80_0_0_e5ff92ca705a054e21f3fe45087394e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, сиёсат, ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, гуманетарӣ, тиҷоратӣ
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, сиёсат, ҳамкории стратегӣ, ҳампаймонӣ, гуманетарӣ, тиҷоратӣ
Тоҷикистону Русия дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймониро баррасӣ карданд
13:03 18.04.2025 (Навсозишуда: 13:27 18.04.2025) Тоҷикистон аз тамоили мусбати рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо Русия изҳори қаноатмандӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, баррасӣ гардид.
Ҳамчунин дар мулоқот таъкид гардид, ки саҳми робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла фаъолияти густурдаи Комиссия оид ба ҳамкории байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, дар таъмиқи муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия назаррас аст.
Инчунин ҷонибҳо аз тамоили мусбати рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур истифодаи босамари зарфиятҳои мавҷуда дар самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, саноат, аграрӣ ва илму фарҳанг зарур дониста шуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, иштирок намуд.
Дар ҷаласаи мазкур, инчунин Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ва роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи Санкт-Петербург масоил дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ дар соли 2024, ташкили мушоҳидаҳои интихобот дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии ИДМ, ҳамкории кишварҳои созмон дар таҳкими амнияти наздисарҳадӣ дар марзҳои берунӣ ва дигар масоили ҷорӣ мавриди баррасӣ шуд.
Манбаъ хабар додааст, ки зимни суханронии худ Рустами Эмомалӣ дар ин ҷаласа дар бораи натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ изҳори қаноатмандӣ намудааст.