https://sputnik.tj/20250419/tojikiston-zaminlarza-takon-dod-1067051232.html
Тоҷикистонро заминларза такон дод
Тоҷикистонро заминларза такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ дод, ки дар ҳудуди Тоҷикистон аниқ ягон хисороти моливу ҷонӣ сурат нагирифт 19.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-19T13:00+0500
2025-04-19T13:00+0500
2025-04-19T13:00+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/10/1032105238_0:32:1184:698_1920x0_80_0_0_9556eaeb27661383b5ea18cc5ea5269b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тоҷикистонро субҳи 19 апрел заминларза такон дод.Аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҷунбиши замин соати 11: 47 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сар зад ва маркази заминларза Ҷумҳурии Афғонистон буд.Зикр гардид, ки шиддати ҷунбиши замин дар Афғонистон ба 5 балл баробар буд. Ҳамзамон дар Ишкомиму Хоруғ қувваи он ба 4 ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.Манбаъ тавзеҳ дод, ки бар асари ин офати табиӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ягон хисороти молӣ ва ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст."Дар бораи хисороти заминларза дар Афғонистон маълумот надорем", - илова кайд манбаъ.Ёдовар мешавем, рӯзи 13 апрел ноҳияи Рашту Тоҷикободро заминларзаи шадид такон дод, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.Ба иттилои КҲФ, бар асари офати табиӣ дар умум 410 хонаву иншооти гуногун пурра ва ё қисман хароб шудаанд.Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат баргузор кард ва ба мақомдорону раисони ин ду ноҳия супориш дод, ки сокинони бехонавудар мондаро то якуми ноябр бо хонаҳои нав таъмин кунанд.
https://sputnik.tj/20250414/sadho-khona-bino-vayron-kushta-elon-natija-zarar-zaminjunbi-tojikiston-1066965443.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/10/1032105238_0:0:1184:889_1920x0_80_0_0_7323ef01e704af223dc8d734fe6679a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминларза
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминларза
Тоҷикистонро заминларза такон дод
Эксклюзив
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ дод, ки дар ҳудуди Тоҷикистон аниқ ягон хисороти моливу ҷонӣ сурат нагирифт
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тоҷикистонро субҳи 19 апрел заминларза такон дод.
Аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҷунбиши замин соати 11: 47 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сар зад ва маркази заминларза Ҷумҳурии Афғонистон буд.
"Заминҷунбӣ дар 323-324 км қисмати ҷануби шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 139 км ҷанубу ғарбӣ аз шаҳри Хоруғ, 66 км ҷанубу ғарбӣ аз ноҳияи Ишкошим дар ҳудуди Афғонистон сар зад", - иттилоъ дод манбаъ.
Зикр гардид, ки шиддати ҷунбиши замин дар Афғонистон ба 5 балл баробар буд. Ҳамзамон дар Ишкомиму Хоруғ қувваи он ба 4 ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки бар асари ин офати табиӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ягон хисороти молӣ ва ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
"Дар бораи хисороти заминларза дар Афғонистон маълумот надорем", - илова кайд манбаъ.
Ёдовар мешавем, рӯзи 13 апрел ноҳияи Рашту Тоҷикободро заминларзаи шадид такон дод, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
Ба иттилои КҲФ, бар асари офати табиӣ дар умум 410 хонаву иншооти гуногун пурра ва ё қисман хароб шудаанд.
Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат баргузор кард ва ба мақомдорону раисони ин ду ноҳия супориш дод, ки сокинони бехонавудар мондаро то якуми ноябр бо хонаҳои нав таъмин кунанд.