https://sputnik.tj/20250414/sadho-khona-bino-vayron-kushta-elon-natija-zarar-zaminjunbi-tojikiston-1066965443.html
Садҳо хонаву бино вайрону як кушта: эълони натиҷаи зарари заминҷунбӣ дар Тоҷикистон
Садҳо хонаву бино вайрону як кушта: эълони натиҷаи зарари заминҷунбӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон барои муайян намудани хисороти расида аз оқибатҳои заминларза ва ташкили корҳои бартарафкунӣ комиссияи вижа таъсис дода шуд
2025-04-14T10:32+0500
2025-04-14T10:32+0500
2025-04-14T12:31+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0e/1066970553_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_faf0b887fbbd1b5b6f15025d335847c9.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Заминларзаҳои рӯзи 13 апрел дар навоҳии Рашту Тоҷикиобод харобиҳои зиёдро барҷой гузоштааст.Ба гузориши КҲФ, дар умум дар минтақа 410 хонаву иншооти гуногун пурра ва ё қисман хароб шудаанд.Тибқи маълумотҳои пешакии, дар натиҷаи заминларза дар ҳудуди деҳаҳои Сафедтундак, Гулханӣ, Кул, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалон, деҳаи Хулаки ҷамоати деҳоти Хиҷбораки ноҳияи Рашт 40-адад хонаи истиқоматӣ пурра, 5-адад хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст.Ҳамчунин 3-адад фароғатгоҳ (чойхона) қисман, 1 бинои ёрирасони муассисаи таълимӣ (мактаби №56 деҳаи Гулханӣ) зарар дида, як ноболиғи соли таваллудаш 2022, истиқоматкунандаи деҳаи Уштурпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак зери девори хонаи истиқоматӣ монда, ба ҳалокат расид.Дар ҳудуди деҳаи Ғанишоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, тибқи маълумоти пешакӣ ба 12 хонаҳои истиқоматӣ пурра, 15-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 38-адад хонаи истиқоматӣ сабук, 30-адад иншооти ёрирасон пурра ва 1-адад бунгоҳи тиббӣ қисман зарар расидааст;Дар деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод 6-адад хонаҳои истиқоматӣ пурра, 8-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 1-адад хонаи истиқоматӣ сабук, 1-адад МТМУ сабук, 10-адад иншооти ёрирасон пурра ва 1-адад фароғатгоҳ (чойхона) қисман зарар расидааст;Дар деҳаи Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ 6-адад хонаҳои истиқоматӣ пурра, 12-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 2-адад хонаи истиқоматӣ сабук, 20-адад иншооти ёрирасон пурра, 1-адад фароғатгоҳ (чойхона) қисман зарар расидааст;Дар деҳаҳои Сари чашма, Бустон, Куликалони ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ 30-адад хонаи истиқоматӣ пурра, 10-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 20-адад хонаи истиқоматӣ сабук, МТМУ (д.Бустон) сабук, 136-адад иншооти ёрирасон пурра, 1-адад фароғатгоҳ (чойхона) қисман зарар расидааст.Дар маҷмуъ дар ноҳияи Тоҷикобод тибқи маълумоти пешакӣ 54- адад хонаи истиқоматӣ пурра, 45-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 61-адад хонаи истиқоматӣ сабук, 2-адад МТМУ сабук, 196-адад иншооти ёрирасон пурра, 3-адад фароғатгоҳ (чойхона) ва 1-адад бунгоҳи тиббӣ қисман зарар дидаанд.Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии АМИТ, 13 апрели соати 09:24 дақиқа дар заминларза аввал ба қайд гирифта шуда, маркази он 160 километр шимолу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 21 километр шарқӣ аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил додааст.Ҳамзамон се пасларзаи дигар бо шиддати чор-панҷ бал нисфирӯзӣ ва шом сабт шудааст. Ба иттилои Кумита бо дастури Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ зарари заминларзаҳои рӯзи гузашта комиссияи вижа таъсис дода шуд. Гуфта мешавад, киоммисия зери раҳбарии муовини сарвазири Зиёзода ва аъзоёни он раҳбари КҲФ, сардори Саридораи геологияи, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сафарбар ва аз мавзеъҳои зарардида дидан намуданд.
https://sputnik.tj/20250413/kudak-halok-khona-kharob-zarar-zaminlarza-tojikiston-1066962437.html
https://sputnik.tj/20250406/sughd-marg-zarar-hodisaho-favquloda-afzudaast-1066878536.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0e/1066970553_95:0:846:563_1920x0_80_0_0_005c9b218f120b48131f3536d1d6847f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминларза
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминларза
Садҳо хонаву бино вайрону як кушта: эълони натиҷаи зарари заминҷунбӣ дар Тоҷикистон
10:32 14.04.2025 (Навсозишуда: 12:31 14.04.2025) Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон барои муайян намудани хисороти расида аз оқибатҳои заминларза ва ташкили корҳои бартарафкунӣ комиссияи вижа таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Заминларзаҳои рӯзи 13 апрел дар навоҳии Рашту Тоҷикиобод харобиҳои зиёдро барҷой гузоштааст.
Ба гузориши КҲФ, дар умум дар минтақа 410 хонаву иншооти гуногун пурра ва ё қисман хароб шудаанд.
Тибқи маълумотҳои пешакии, дар натиҷаи заминларза дар ҳудуди деҳаҳои Сафедтундак, Гулханӣ, Кул, Аскалони ҷамоати деҳоти Аскалон, деҳаи Хулаки ҷамоати деҳоти Хиҷбораки ноҳияи Рашт 40-адад хонаи истиқоматӣ пурра, 5-адад хонаи истиқоматӣ қисман зарар дидааст.
Ҳамчунин 3-адад фароғатгоҳ (чойхона) қисман, 1 бинои ёрирасони муассисаи таълимӣ (мактаби №56 деҳаи Гулханӣ) зарар дида, як ноболиғи соли таваллудаш 2022, истиқоматкунандаи деҳаи Уштурпасти ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак зери девори хонаи истиқоматӣ монда, ба ҳалокат расид.
Дар ҳудуди деҳаи Ғанишоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, тибқи маълумоти пешакӣ ба 12 хонаҳои истиқоматӣ пурра, 15-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 38-адад хонаи истиқоматӣ сабук, 30-адад иншооти ёрирасон пурра ва 1-адад бунгоҳи тиббӣ қисман зарар расидааст;
Дар деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод 6-адад хонаҳои истиқоматӣ пурра, 8-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 1-адад хонаи истиқоматӣ сабук, 1-адад МТМУ сабук, 10-адад иншооти ёрирасон пурра ва 1-адад фароғатгоҳ (чойхона) қисман зарар расидааст;
Дар деҳаи Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ 6-адад хонаҳои истиқоматӣ пурра, 12-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 2-адад хонаи истиқоматӣ сабук, 20-адад иншооти ёрирасон пурра, 1-адад фароғатгоҳ (чойхона) қисман зарар расидааст;
Дар деҳаҳои Сари чашма, Бустон, Куликалони ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ 30-адад хонаи истиқоматӣ пурра, 10-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 20-адад хонаи истиқоматӣ сабук, МТМУ (д.Бустон) сабук, 136-адад иншооти ёрирасон пурра, 1-адад фароғатгоҳ (чойхона) қисман зарар расидааст.
Дар маҷмуъ дар ноҳияи Тоҷикобод тибқи маълумоти пешакӣ 54- адад хонаи истиқоматӣ пурра, 45-адад хонаи истиқоматӣ қисман, 61-адад хонаи истиқоматӣ сабук, 2-адад МТМУ сабук, 196-адад иншооти ёрирасон пурра, 3-адад фароғатгоҳ (чойхона) ва 1-адад бунгоҳи тиббӣ қисман зарар дидаанд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии АМИТ, 13 апрели соати 09:24 дақиқа дар заминларза аввал ба қайд гирифта шуда, маркази он 160 километр шимолу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 21 километр шарқӣ аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил додааст.
Ҳамзамон се пасларзаи дигар бо шиддати чор-панҷ бал нисфирӯзӣ ва шом сабт шудааст.
Ба иттилои Кумита бо дастури Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ зарари заминларзаҳои рӯзи гузашта комиссияи вижа таъсис дода шуд.
Гуфта мешавад, киоммисия зери раҳбарии муовини сарвазири Зиёзода ва аъзоёни он раҳбари КҲФ, сардори Саридораи геологияи, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сафарбар ва аз мавзеъҳои зарардида дидан намуданд.