https://sputnik.tj/20250419/gholibon-nimmarafon-baynalmilal-dushanbe-muayyan-shudand-1067053174.html
Ғолибони Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян шуданд - видео
Ғолибони Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян шуданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе варзишгарони дохил ва хориҷи кишвар қобилияти худро нишон доданд 19.04.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-04-19T18:44+0500
2025-04-19T18:44+0500
2025-04-19T18:44+0500
видео
душанбе
ниммарафон
дав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/13/1067052220_10:0:1206:673_1920x0_80_0_0_e658d07ef9b5008a06e09e7cae2501a2.jpg.webp
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт 15 - умин Ниммарафони байналмилалӣ баргузор гардид.Дар ин чорабинӣ варзишгарон аз кишварҳои мухталиф, шаҳрҳои бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта иштирок намуданд.Дар мусобиқаи имсола, Шоҳрух Давлатов аз Ӯзбекистон аввалин шуда, миёни мардон ба марра расид. Ин масофаро Шоҳрух дар 1:04,11 сония давида, ғолиб шуд.Барои Шоҳрух Давлавтов сеюмин қаҳрамонӣ дар мусобиқаи мазкур аст. Қаблан, давандаи ӯзбек солҳои 2021 ва 2023 барандаи нишони тиллои Ниммарафони байналмилалии Душанбе гардида буд.Баргузории ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба рӯзи пойтахт дар ДушанбеФенти Гирма аз Ҳабашистон бо нишондоди 1:04, 14 сония ва Ҳасан Мирсоатов аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:04,42 сония ба марра расида, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд.Миёни бонувон Екатерина Тингускова аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:18,31 сония якум шуд. Елена Сергеева аз Русия бо нишондоди 1:18,34 сония дуюм ва Александра Вдовиня бо нишондоди 1:19,06 сония аз Русия сеюм шуданд.Ниммарафони байналмилалӣ масофаи 21 километру 97, 5 метрро ташкил дода, аз майдони назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз шуда, нуқтаи ниҳоии он майдони “Дӯстӣ”-и назди муҷассамаи шоҳ Исмоли Сомонӣ буд.Гуфта мешавад, МИҲД шаҳри Душанбе барои баргузории Ниммарафон аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 593 040 сомонӣ ҷудо кардааст.Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол карданд, бо ҷоизапулии ҷойи якум – 38500 сомонӣ, ҷойи дуюм – 33000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 27500 сомонӣ, ҷойи чорум – 16000 сомонӣ, ҷойи панҷум – 14800 сомонӣ, ҷойи шашум – 11500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/13/1067052220_161:0:1058:673_1920x0_80_0_0_78730d049bcbb7e451bed90fc52587b4.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, душанбе, ниммарафон, видео, дав
видео, душанбе, ниммарафон, видео, дав
Ғолибони Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян шуданд - видео
Дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе варзишгарони дохил ва хориҷи кишвар қобилияти худро нишон доданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт 15 - умин Ниммарафони байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ варзишгарон аз кишварҳои мухталиф, шаҳрҳои бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта иштирок намуданд.
Дар мусобиқаи имсола, Шоҳрух Давлатов аз Ӯзбекистон аввалин шуда, миёни мардон ба марра расид. Ин масофаро Шоҳрух дар 1:04,11 сония давида, ғолиб шуд.
Барои Шоҳрух Давлавтов сеюмин қаҳрамонӣ дар мусобиқаи мазкур аст. Қаблан, давандаи ӯзбек солҳои 2021 ва 2023 барандаи нишони тиллои Ниммарафони байналмилалии Душанбе гардида буд.
Фенти Гирма аз Ҳабашистон бо нишондоди 1:04, 14 сония ва Ҳасан Мирсоатов аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:04,42 сония ба марра расида, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Миёни бонувон Екатерина Тингускова аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:18,31 сония якум шуд. Елена Сергеева аз Русия бо нишондоди 1:18,34 сония дуюм ва Александра Вдовиня бо нишондоди 1:19,06 сония аз Русия сеюм шуданд.
Ниммарафони байналмилалӣ масофаи 21 километру 97, 5 метрро ташкил дода, аз майдони назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз шуда, нуқтаи ниҳоии он майдони “Дӯстӣ”-и назди муҷассамаи шоҳ Исмоли Сомонӣ буд.
Гуфта мешавад, МИҲД шаҳри Душанбе барои баргузории Ниммарафон аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 593 040 сомонӣ ҷудо кардааст.
Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол карданд, бо ҷоизапулии ҷойи якум – 38500 сомонӣ, ҷойи дуюм – 33000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 27500 сомонӣ, ҷойи чорум – 16000 сомонӣ, ҷойи панҷум – 14800 сомонӣ, ҷойи шашум – 11500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.