Баргузории ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба рӯзи пойтахт дар Душанбе

© SputnikМеждународный полумарафон One Run в Душанбе. Архивное фото
Международный полумарафон One Run в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2025
Обуна шудан
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 19 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе ниммарафони XV байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ниммарафони XV байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дар бар мегирад, аз шоҳроҳи назди "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе шуруъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён мерасад.
Дар ин бора шаҳрдории шаҳри Душанбе хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ниммарафони XV байналмилалӣ дар баробари варзишгарони тоҷик варзишгарони дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок менамоянд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории ниммарафони XV байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт беш аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Варзишгароне, ки байни мардон ва занон ҷойҳои аз якум то шашумро ишғол мекунанд, бо чунин ҷоизаҳои молӣ сарфароз мегарданд: ҷойи 1-ум 38 500 сомонӣ, ҷойи 2-юм 33 000 сомонӣ, ҷойи 3-юм 27 500 сомонӣ, ҷойи 4-ум 16 000 сомонӣ, ҷойи 5-ум 14 800 сомонӣ, ҷойи 6-ум 11 500 сомонӣ.
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарият ва фан-клубҳои дастаҳо ҷаласаи васеи корӣ доир намуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2025
Дар ФФТ комиссияи нави назорати молиявии клубҳои футбол таъсис дода шуд
Ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 5 км медаванд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм 5 500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим мегардад.
Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст.
Танҳо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.
Лентаи хабарҳо
0