https://sputnik.tj/20250417/rustami-emomali-sankt-peterburg-raft-1067015367.html
Рустами Эмомалӣ ба Санкт Петербург рафт: Чаро?
Рустами Эмомалӣ ба Санкт Петербург рафт: Чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар намуд
2025-04-17T13:06+0500
2025-04-17T13:06+0500
2025-04-17T13:37+0500
дар тоҷикистон
русия
рустами эмомалӣ
санкт-петербург
маҷлис
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067014286_0:396:815:854_1920x0_80_0_0_f252a6b5d3de65b55feb3cd8b056929a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод.“Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд”, - қайд кардааст манбаъ.Манбаъ хабар додааст, ки дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.Ёдовар мешавем, ки ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ба хориҷи кишвар баъд аз дубора интихоб шуданаш ба мақоми раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аст.Нахустин ҷаласаи палатаи болоии парлумони кишвар даъвати нав рӯзи 11 апрел баргузор шуда, дар ҷаласа аъзои палата якдилона Рустами Эмомалӣро раиси Маҷлиси олӣ интихоб карданд.Қаблан Шӯрои Федератсия хабар дода буд, ки рӯзи 17 апрел таҳти роҳбарии раиси Шӯрои Федератсия, раиси Шӯрои Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ Валентина Матвиенко ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад.Дар он сарони ҳайатҳои вакилони парлумонии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва коршиносон ширкат меварзанд. Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 18 апрел баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20250324/vyacheslav-volodin-rustami-emomali-rusiya-davat-1066699640.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067014286_0:375:815:986_1920x0_80_0_0_24a9c63ec2868b0bc4da146f27cfa347.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, идм, рустами эмомалӣ, санкт-петербург, сафар, русия, ҷаласа
тоҷикистон, идм, рустами эмомалӣ, санкт-петербург, сафар, русия, ҷаласа
Рустами Эмомалӣ ба Санкт Петербург рафт: Чаро?
13:06 17.04.2025 (Навсозишуда: 13:37 17.04.2025) Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар намуд
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод.
“Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ хабар додааст, ки дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ба хориҷи кишвар баъд аз дубора интихоб шуданаш ба мақоми раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аст.
Нахустин ҷаласаи палатаи болоии парлумони кишвар даъвати нав рӯзи 11 апрел баргузор шуда, дар ҷаласа аъзои палата якдилона Рустами Эмомалӣро раиси Маҷлиси олӣ интихоб карданд.
Қаблан Шӯрои Федератсия хабар дода буд, ки рӯзи 17 апрел таҳти роҳбарии раиси Шӯрои Федератсия, раиси Шӯрои Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ Валентина Матвиенко ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад.
Дар он сарони ҳайатҳои вакилони парлумонии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва коршиносон ширкат меварзанд. Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ 18 апрел баргузор мешавад.