https://sputnik.tj/20250418/iiao-bozori-yagonai-naft-tashkil-meshavad-1067039659.html
Дар ИИАО бозори ягонаи нафт ташкил мешавад
Дар ИИАО бозори ягонаи нафт ташкил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Русия ахиран гуфт, ки лоиҳаи созишнома дар бораи бозори нафт дар ИИАО дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дорад
2025-04-18T16:41+0500
2025-04-18T16:41+0500
2025-04-18T16:41+0500
ииао
авруосиё
бозори нафт
нафт
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1d/1058517687_0:83:3041:1794_1920x0_80_0_0_6391e28a3305654371ea357e2e493ab2.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук, лоиҳаи созишномаи байнидавлатӣ дар бораи бозори умумии нафту маҳсулоти нафтӣ дар ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дорад, иттилоъ додааст Комиссия иқтисодии АвруОсиё."Ҳангоми таъсиси бозори ягонаи нафту маҳсулоти нафтӣ мо аз он бармеоем, ки нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ташаккул меёбад. Ҳоло лоиҳаи созишномаи байнидавлатӣ ва қоидаҳои тиҷорат дар бозори умумии ИИАО дар ҳоли таҳия қарор доранд", гуфт Оверчук зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсия Русия.Бояд қайд кард, ки таъсиси бозори ягонаи нафту маҳсулоти нафтӣ дар ҳудуди АвруОсиё дар шартномаи худи иттиҳод, ки 29 майи соли 2014 дар Остона ба имзо расида буд, пешбинӣ шуда буд.Оверчук дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон афзуд, ки лоиҳаи созишнома бо кишварҳои узви ИИАО “дар сатҳи баланди мувофиқат” қарор дорад."Мо интизорем, ки дар ояндаи наздик дар ин ҷо ба пешравӣ ноил хоҳем шуд" гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки Қазоқистон, Русия, Арманистон, Белорус ва Қирғизистонро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20250417/overchuk-hissai-hisobbarobarkuniho-asori-milli-iiao-1067023404.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1d/1058517687_310:0:3041:2048_1920x0_80_0_0_4777ed9e2570257b33f6e41ccb001d75.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозор, нафт, ташкил, ииао, авруосиё, маҳсулоти нафтӣ
бозор, нафт, ташкил, ииао, авруосиё, маҳсулоти нафтӣ
Дар ИИАО бозори ягонаи нафт ташкил мешавад
Муовини сарвазири Русия ахиран гуфт, ки лоиҳаи созишнома дар бораи бозори нафт дар ИИАО дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук, лоиҳаи созишномаи байнидавлатӣ дар бораи бозори умумии нафту маҳсулоти нафтӣ дар ҳудуди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дорад, иттилоъ додааст Комиссия иқтисодии АвруОсиё.
"Ҳангоми таъсиси бозори ягонаи нафту маҳсулоти нафтӣ мо аз он бармеоем, ки нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ташаккул меёбад. Ҳоло лоиҳаи созишномаи байнидавлатӣ ва қоидаҳои тиҷорат дар бозори умумии ИИАО дар ҳоли таҳия қарор доранд", гуфт Оверчук зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсия Русия.
Бояд қайд кард, ки таъсиси бозори ягонаи нафту маҳсулоти нафтӣ дар ҳудуди АвруОсиё дар шартномаи худи иттиҳод, ки 29 майи соли 2014 дар Остона ба имзо расида буд, пешбинӣ шуда буд.
Оверчук дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон афзуд, ки лоиҳаи созишнома бо кишварҳои узви ИИАО “дар сатҳи баланди мувофиқат” қарор дорад.
"Мо интизорем, ки дар ояндаи наздик дар ин ҷо ба пешравӣ ноил хоҳем шуд" гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки Қазоқистон, Русия, Арманистон, Белорус ва Қирғизистонро дар бар мегирад.