Таъкиди Эрон ва Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи дифоӣ

© Foto / Посольство Ирана в Таджикистане Встреча министра обороны Таджикистана генерал-майора Эмомали Собирзоды с министром обороны Ирана Амиром Азизом Насирзаде
Встреча министра обороны Таджикистана генерал-майора Эмомали Собирзоды с министром обороны Ирана Амиром Азизом Насирзаде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2025
Обуна шудан
Вазири дифои Эрон дар дидор бо ҳамтои тоҷикаш бо ишора ба иштирокоти таърихӣ, динӣ ва фарҳангии ду кишвар, бар тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои дифоӣ таъкид кард
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Амир Носирзода, вазири дифои Эрон дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собрзода нахустин сафари хориҷии вазири дифои Тоҷикистон ба Эронро нишонаи ҷойгоҳи вижаи ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ дар арсаи равобити ду кишвар донист.
Амир Носирзода бо ишора ба иштирокоти амиқи ду кишвар дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла ҳавзаҳои забонӣ, фарҳангӣ, динӣ, таърихӣ, тамаддунӣ ба ҷойгоҳи вижа ва барҷастаи Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Эрон ишора кард.
Вазири дифои Эрон бо баёни инки нигоҳи Эрон ба Тоҷикистон роҳбурдӣ ва мубтани бар эҳтиром мутақобил будааст, афзуд: таъбири мақоми муаззами раҳбарӣ дар хусуси равобит бо кишвари Тоҷикистони равобити мубтанӣ бар бародарӣ ва хешовандӣ аст.
Вазири дифои Эрон дидорҳои руасои ҷумҳӯри ду кишвар дар тӯли 3 даҳаи гузаштаро намоде аз иҳтимому тавваҷуҳи мақомоти олӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо донист.
Вазири дифоъ Эрон таъкид кард, ки ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамкориҳои хӯбӣ доранд ва умуман аз мавозеъи яксоне дар маҷмуаи минтақавӣ ва байналмилалӣ бархурдоранд.
Министр обороны Таджикистана Эмомали Собирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2025
Дидори вазири дифои Эрон бо ҳамтои эрониаш
Вай бо баёни ин ки равандҳо ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ бисёр пуршитобу амниятӣ шудааст, бар ҳамкории дуҷониба ва ҳамчунин баҳрагирӣ аз зарфияти ҳузур дар созмонҳои байналмлллӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳамоҳангӣ ва пешгирӣ аз бурузи мушкилоти амниятӣ ва ҳамчунин мубориза бо тероризму ифротгароӣ таъкид кард.
Вазири дифои Тоҷикистон дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти фаровони иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ ва таърихии ду кишвар гуфт, ду кишвар натоиҷи бисёр хубе дар тӯли ҳамкориҳои гузашта ба даст овардаанд.
Эмомалӣ Собрзода вазири дифои Тоҷикистон бо ишора ба асноди мутаъаддиди ҳамкории байни ду кишвар гуфт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи дифоӣ аз пуштвона ва ҳимояти раҳбарони ду кишвар барои тавсеаи муносибот бархурдор аст.
Вай дар идомаи ин дидор бар зарурати тақвияти муносиботи дуҷониба ва тавсеаи ҳамкориҳои дифоӣ ва ҳамчунин талоши муштарак дар бораи муқобила бо тероризм, ифротгароӣ, қочоқи силаҳ, ҷиноёт созмонёфта дар бораи иртиқои амнияти минтақа таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0