Дидори вазири дифои Эрон бо ҳамтои эрониаш

© Sputnik / Виктор ТолочкоМинистр обороны Таджикистана Эмомали Собирзода
Министр обороны Таджикистана Эмомали Собирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2025
Обуна шудан
Вазири дифои Эрон бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Вазири дифои Эрон Азиз Носирзода бо вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон дар Теҳрон дидор кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Ба иттилои манбаъ, Амири сартипи халабон Азиз Носирзода вазири дифоъ ва пуштибони неруҳои мусаллаҳи Эрон, мизбони сарлашкари Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон дар Теҳрон аст.
Бояд қайд кард, ки ин нахустин сафари расмии Эмомалӣ Собирзода баъд аз таъйин шуданаш ба мақоми вазири дифои Тоҷикистон ба Эрон аст.
Дар ин дидор, Амир Носирзода бар тавсеаи ҳамкориҳо ва равобити сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии миёни ду кишвар таъкид кард.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон, ки дар раси ҳайате ба Эрон сафар кард.
Вазири дифои Тоҷикистон вориди Шерози Эрон шуд
Вазири дифои Тоҷикистон дар фурудгоҳи Шероз Ҳусайналӣ Амирӣ, устондори Форси гуфтугӯ кард ва дар он ба равобити дӯстонаи Эрону Тоҷикистон ишора кард.
Дар ҳамин ҳол, устондори Форс зимни таъкид бар иштирокоти таърихӣ ва фарҳангӣ миёни Эрону Тоҷикистон заминаҳои ҳамкории миёни ду кишварро васеъ тавсиф кард.
Лентаи хабарҳо
0