https://sputnik.tj/20250415/muovini-avval-prezidenti-eron-ali-najafii-khushrudi-tojikiston-1066986555.html
Муовини аввали президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон омад
Муовини аввали президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон омад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали президенти Эрон бо мақомоти Тоҷикистон масоили густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ хоҳад кард
2025-04-15T15:16+0500
2025-04-15T15:16+0500
2025-04-15T16:20+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
сиёсат
рушд
тақвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066988002_0:66:1620:978_1920x0_80_0_0_654f8d83503625f4d00dc15f36ba9b22.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳайати Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, муовини аввали президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорати умури хориҷаи кишвар сафари муовини аввали президенти Эрон се рӯз — аз 15 то 17 апрел идома хоҳад ёфт.Қарор аст, Алӣ Наҷафии Хушрудӣ дар ин сафари худ бо Сарвазир ва муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.Ҳамчунин вохӯрии муовини аввали Президенти Эрон бо вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав сурат мегирад.Дар дидору гуфтугуҳо масъалаҳои густариши ҳамкории Эрону Тоҷикистон дар соҳаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Майдони "Истиқлол" боздид хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Эрон қарор дорад ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар масоили амниятӣ ва дифоиро баррасӣ дорад.
https://sputnik.tj/20250415/didori-vaziri-difoi-eron-bo-hamtoi-eroniash-1066983352.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066988002_51:0:1491:1080_1920x0_80_0_0_df38fffcd3d04c3e1310ab19255fc607.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, президент, эрон, сафар, сиёсат, ҳамкорӣ, равобит
тоҷикистон, президент, эрон, сафар, сиёсат, ҳамкорӣ, равобит
Муовини аввали президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон омад
15:16 15.04.2025 (Навсозишуда: 16:20 15.04.2025) Муовини аввали президенти Эрон бо мақомоти Тоҷикистон масоили густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҳайати Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, муовини аввали президенти Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорати умури хориҷаи кишвар сафари муовини аввали президенти Эрон се рӯз — аз 15 то 17 апрел идома хоҳад ёфт.
Қарор аст, Алӣ Наҷафии Хушрудӣ дар ин сафари худ бо Сарвазир ва муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ҳамчунин вохӯрии муовини аввали Президенти Эрон бо вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав сурат мегирад.
Дар дидору гуфтугуҳо масъалаҳои густариши ҳамкории Эрону Тоҷикистон дар соҳаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Майдони "Истиқлол" боздид хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Эрон қарор дорад ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар масоили амниятӣ ва дифоиро баррасӣ дорад.