Бохти наврасони Тоҷикистон аз тими Кореяи Ҷанубӣ

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаЮношеская сборная Таджикистана (U-17) по футболу
Юношеская сборная Таджикистана (U-17) по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2025
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз тими Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии ниҳоии худро дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ анҷом дод.
Мунтахаби наврасони кишвар дар даври чорякниҳоии мусобиқот аз тими Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии - 2:2 ба анҷом расид. Ғолиб аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти муайян карда шуд. Дар силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3:5 бахт ба ҷониби дастаи Кореяи Ҷанубӣ буд.
Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 чаҳор бозӣ доир кард.
Қаблан наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тимҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда буданд.
Юношеская сборная Таджикистана (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2025
Тоҷикистон бо Кореия вориди майдон мешаванд: шогирдони Риҷиниро бозии душвор интизор аст
Ҳамин тариқ, дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини бо роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба Ватан бармегардад.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Марко Раҷини, баъд аз бозӣ гуфт: “мо дар Ҷоми Осиё-2025 дар муддати даҳ рӯз бо дастаҳои мунтахаби Уммон, Кореяи Шимолӣ, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ чаҳор бозии душвор гузаронидем. Мақсад доштем ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат бигирем ва хушҳолем, ки ба ин ҳадафи худ расидем. Ҳамакнун ба қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон, ки аз 5-ум то 27-уми ноябри имсол дар Қатар доир мегардад, омодагӣ мебинем”.
Бояд зикр намуд, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли2019) ширкат карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0