https://sputnik.tj/20250414/tojikiston-koreiya-maydon-shogirdon-rijini-bozi-dushvor-intizor-1066964553.html
Тоҷикистон бо Кореия вориди майдон мешаванд: шогирдони Риҷиниро бозии душвор интизор аст
Тоҷикистон бо Кореия вориди майдон мешаванд: шогирдони Риҷиниро бозии душвор интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Сармураббии мунтахаб мегӯяд, дастпарваронашро бозии душвор дар пеш аст ва агар муттаҳиду талаботи ситоди мураббиёнро иҷро кунанд, муваффақ хоҳанд шуд
2025-04-14T09:15+0500
2025-04-14T09:15+0500
2025-04-14T09:15+0500
дар тоҷикистон
кореяи ҷанубӣ
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мунтахаби наврасони ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0c/1066950475_0:62:1200:737_1920x0_80_0_0_d20c873439303b3c6bff331430c66cb7.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад. Ин бозӣ рӯзи имрӯз 14 апрел дар варзишгоҳи "Шоҳзода Абдулло Ал-Файсал Спортс Сити"-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 20:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:15 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Дар сурати ғолибият дар ин бозӣ тими мо дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо ғолиби ҷуфти Ҷопон – Арабистони Саудӣ вомехӯрад.Марко Раҷини сармураббии яккачини мегӯяд, акнун шогирдонашро муқобили дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозии душвор интизор аст.Қобили зикр аст, ки қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо касби шаш имтиёз дар гурӯҳи "D" мақоми аввалро касб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат гирифт ва ҳамзамон ба Ҷоми ҷаҳон‐2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт. Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон баромад. Қаблан наврасони мо дар чемпионатҳои ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) ширкат карда буданд.Маврид ба зикр аст, ки яккачини кишвар дар се бозии гуруҳии гузашта, Уммонро (2:1) бурд, бар Кореяи Шимолӣ (0:3) мағлуб шуд ва дар дидори ҳалкунанда бо Эрон (3:1) ғолиб омад.Сармураббии даста мегӯяд, бозӣ бо яккачини Эрон дар замони роҳбарияш яке аз беҳтарин бозиҳо буд. Ӯ гуфт, ки ҳадафашон дарёфти роҳхат ба чемпионати ҷаҳон буд, ки онро гирифтанд, аммо бо ин қаноат карданӣ нестанд ва агар шогирдонаш муттаҳид бошанд, талаботи ситоди мураббиёнро иҷро кунанд ва дар ҳар қитъаи майдон мубориза баранд, онҳо метавонанд ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил шаванд.
https://sputnik.tj/20250412/muntakhab-navrason-tojikiston-jom-jahon-2025-rohkhat-giriftand-1066951399.html
кореяи ҷанубӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0c/1066950475_0:30:1200:930_1920x0_80_0_0_9a68af52fc409d76b14a65450bd7297b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон кореия майдон шогирдон риҷини бозӣ душвор
тоҷикистон кореия майдон шогирдон риҷини бозӣ душвор
Тоҷикистон бо Кореия вориди майдон мешаванд: шогирдони Риҷиниро бозии душвор интизор аст
Сармураббии мунтахаб мегӯяд, дастпарваронашро бозии душвор дар пеш аст ва агар муттаҳиду талаботи ситоди мураббиёнро иҷро кунанд, муваффақ хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад.
Ин бозӣ рӯзи имрӯз 14 апрел дар варзишгоҳи "Шоҳзода Абдулло Ал-Файсал Спортс Сити"-и шаҳри Ҷидда баргузор шуда, соати 20:15 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:15 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Дар сурати ғолибият дар ин бозӣ тими мо дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2025 бо ғолиби ҷуфти Ҷопон – Арабистони Саудӣ вомехӯрад.
Марко Раҷини сармураббии яккачини мегӯяд, акнун шогирдонашро муқобили дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозии душвор интизор аст.
"Рақибро меомӯзем ва ба бозӣ омодагӣ мебинем", – гуфт сармураббӣ.
Қобили зикр аст, ки қаблан мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо касби шаш имтиёз дар гурӯҳи "D" мақоми аввалро касб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат гирифт ва ҳамзамон ба Ҷоми ҷаҳон‐2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт.
Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон баромад.
Қаблан наврасони мо дар чемпионатҳои ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) ширкат карда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки яккачини кишвар дар се бозии гуруҳии гузашта, Уммонро (2:1) бурд, бар Кореяи Шимолӣ (0:3) мағлуб шуд ва дар дидори ҳалкунанда бо Эрон (3:1) ғолиб омад.
Сармураббии даста мегӯяд, бозӣ бо яккачини Эрон дар замони роҳбарияш яке аз беҳтарин бозиҳо буд.
Ӯ гуфт, ки ҳадафашон дарёфти роҳхат ба чемпионати ҷаҳон буд, ки онро гирифтанд, аммо бо ин қаноат карданӣ нестанд ва агар шогирдонаш муттаҳид бошанд, талаботи ситоди мураббиёнро иҷро кунанд ва дар ҳар қитъаи майдон мубориза баранд, онҳо метавонанд ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил шаванд.