https://sputnik.tj/20250414/vazorati-tandurusti-holi-osebdidagoni-zaminlarza-rasht-khabar-1066977243.html
Масъулини Вазорати тандурустӣ аз ҳоли осебдидагони заминларза дар Рашт хабар гирифтанд
Масъулини Вазорати тандурустӣ аз ҳоли осебдидагони заминларза дар Рашт хабар гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба осебдидагон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод
2025-04-14T18:49+0500
2025-04-14T18:49+0500
2025-04-14T18:49+0500
дар тоҷикистон
заминларза
рашт
тандурустӣ
муовини вазир
осебдидагон
беморхона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0e/1066976741_0:160:1000:723_1920x0_80_0_0_ecca94a3ed16904f509187da4583caab.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба ноҳияи Рашт рафт.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар доааст.Вазорати тандурустии Тоҷикистон, хабар додааст, ки сабаби асосии сафари муовини вазир аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии шаҳрвандони аз заминларза осебдидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мебошад.Аайни ҳол муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва дигар шахсони масъул дар минтақаи Рашт қарор доранд.Вазорат қайд кардааст, ки аснои боздид аз ноҳияҳои мазкур, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон бо рафти табобати як қатор беморон шинос гардид.Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки мақомдори тоҷик барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба осебдидагон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.Ҳамзамон, дар маконҳои офати табиӣ намояндагони вазорат бо шаҳрвандон низ суҳбати озод анҷом дода, ба онҳо дар самти риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ маслиҳат ва тавсияҳо доданд.Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.Дар натиҷаи заминларза садҳо хонаву иншоот дар ин минтақа хароб гаштанд.
https://sputnik.tj/20250414/sadho-khona-bino-vayron-kushta-elon-natija-zarar-zaminjunbi-tojikiston-1066965443.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0e/1066976741_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_7e7d84355acb182bda48c0e7e32f7741.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, ҳол, хабар, рашт, заминлараза, осебдидагон
тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, ҳол, хабар, рашт, заминлараза, осебдидагон
Масъулини Вазорати тандурустӣ аз ҳоли осебдидагони заминларза дар Рашт хабар гирифтанд
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба осебдидагон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ба ноҳияи Рашт рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар доааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон, хабар додааст, ки сабаби асосии сафари муовини вазир аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи саломатии шаҳрвандони аз заминларза осебдидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод мебошад.
Аайни ҳол муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва дигар шахсони масъул дар минтақаи Рашт қарор доранд.
Вазорат қайд кардааст, ки аснои боздид аз ноҳияҳои мазкур, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон бо рафти табобати як қатор беморон шинос гардид.
Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки мақомдори тоҷик барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба осебдидагон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, дар маконҳои офати табиӣ намояндагони вазорат бо шаҳрвандон низ суҳбати озод анҷом дода, ба онҳо дар самти риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ маслиҳат ва тавсияҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Дар натиҷаи заминларза садҳо хонаву иншоот дар ин минтақа хароб гаштанд.