https://sputnik.tj/20250414/vazorati-difoi-rusiya-hamla-mushaki-suma-1066977428.html
Вазорати дифои Русия ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Сумаро шарҳ дод
Вазорати дифои Русия ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Сумаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Русия ба маҳалли нишасти фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар шаҳри Сума зарба заданд
2025-04-14T19:59+0500
2025-04-14T19:59+0500
2025-04-16T16:18+0500
русия
дар русия
вазорати дифои русия
амалиёти вижа
ҳамлаи мушакӣ
украина
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/19/1066706426_0:0:3323:1870_1920x0_80_0_0_52da71892fc9194679d8714a668849d9.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Рӯзи якшанбе низомиёни Русия ба макони баргузории нишасти ситоди фармондеҳии гурӯҳи оперативӣ-тактикии "Северск"-и Украина дар шаҳри Сума бо мушаки Искандар зарба заданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ."Дирӯз, дар шаҳри Сума, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар шароити муқовимати фаъоли электрониии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва системаҳои дифоъ ҳавоии сохти хориҷӣ ба маконе, ки ҷаласаи ситоди фармондеҳии гурӯҳи амалиётии Северск баргузор шуд, бо ду мушаки Искандер-М зарба заданд", - қайд кардааст вазорат.Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳамла беш аз 60 ҷангҷӯи украинӣ кушта шудаанд.Тавре вазорати дифоъ қайд кардаст, Киев аз аҳолии худ ҳамчун сипари зинда истифода карда, дар маркази шаҳри сераҳолӣ чорабиниҳо бо иштироки низомиён баргузор мекунад.Дар посух ба ҳамлаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба объектҳои ғайринизомӣ, нерӯҳои Русия мунтазам ба ҷойгиршавии ҳайати шахсӣ, техника ва зархаридон, инчунин ба инфрасохтори Украина: иншооти саноати дифоӣ, фармондеҳии низомӣ ва коммуникатсия зарба мезананд.Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл борҳо таъкид карда буд, ки низомиён ба биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ зарба намезананд.
https://sputnik.tj/20250413/dahho-hazo-nizomi-tenika-elon-talafot-artish-ukraina-samt-kursk-1066964171.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/19/1066706426_592:0:3323:2048_1920x0_80_0_0_95e49d62f13b006ecfee378f44e84859.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, сума, зарба, мушак, искандар
русия, амалиёти вижа, украина, сума, зарба, мушак, искандар
Вазорати дифои Русия ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Сумаро шарҳ дод
19:59 14.04.2025 (Навсозишуда: 16:18 16.04.2025) Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Русия ба маҳалли нишасти фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар шаҳри Сума зарба заданд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Рӯзи якшанбе низомиёни Русия ба макони баргузории нишасти ситоди фармондеҳии гурӯҳи оперативӣ-тактикии "Северск"-и Украина дар шаҳри Сума бо мушаки Искандар зарба заданд, хабар медиҳад вазорати дифоъ.
"Дирӯз, дар шаҳри Сума, нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар шароити муқовимати фаъоли электрониии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва системаҳои дифоъ ҳавоии сохти хориҷӣ ба маконе, ки ҷаласаи ситоди фармондеҳии гурӯҳи амалиётии Северск баргузор шуд, бо ду мушаки Искандер-М зарба заданд", - қайд кардааст вазорат.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳамла беш аз 60 ҷангҷӯи украинӣ кушта шудаанд.
Тавре вазорати дифоъ қайд кардаст, Киев аз аҳолии худ ҳамчун сипари зинда истифода карда, дар маркази шаҳри сераҳолӣ чорабиниҳо бо иштироки низомиён баргузор мекунад.
Дар посух ба ҳамлаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ба объектҳои ғайринизомӣ, нерӯҳои Русия мунтазам ба ҷойгиршавии ҳайати шахсӣ, техника ва зархаридон, инчунин ба инфрасохтори Украина: иншооти саноати дифоӣ, фармондеҳии низомӣ ва коммуникатсия зарба мезананд.
Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл борҳо таъкид карда буд, ки низомиён ба биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ зарба намезананд.