https://sputnik.tj/20250413/dahho-hazo-nizomi-tenika-elon-talafot-artish-ukraina-samt-kursk-1066964171.html
Даҳҳо ҳазор низомиву техника: эълони талафоти артиши Украина дар самти Курск
Даҳҳо ҳазор низомиву техника: эълони талафоти артиши Украина дар самти Курск
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофаи Русия аз рафти амалиёти вижа дар Курс гузориш дода, талафоти зиёди низомиёну техникаи украинӣ дар шабонарӯзи ахирро қайд кард
2025-04-13T18:52+0500
2025-04-13T18:52+0500
2025-04-14T11:41+0500
русия
украина
амалиёти вижа
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066608412_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_a7c2893f14140c0d0995a52b263c5088.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Давоми як шабонарӯз воҳидҳои Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск то 190 ҷангҷӯи нирӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд кардаанд.Дар ин бора Вазорати дифои кишвар дар гузориши тозааш хабар медиҳад.Илова бар ин режими Киев як танк, як мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 12 мошин, 4 тӯпхонаи саҳроӣ, се миномёт ва як системаи мушакии чандкаратаи "БМ-21 Град"-ро талаф дод.Умуман, дар рафти амалиёти вижа дар самти Курск талафоти нерӯҳои Украина чунин аст:Тибқи ҳисоботи РИА "Новости" бар асоси додаҳои урӯҳи нерӯҳои "Север" ва маълумот аз манбаъҳои боз Киев дар вилояти Курск 5,5 ҳазор адад техникаи аз ҷониби Ғарб пешниҳодшударо ба маблағи 7,8 млрд доллар аз даст дод. Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 августи соли 2024 оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.Владимир Путин ахиран аз қароргоҳи фармондеҳии гурӯҳи низомиёни Курск дидан кард, ки ҳамлаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро аз байн бурд. Ӯ гуфт, ки артиши Русия дар минтақаи марзии Курск беш аз 1000 километри мураббаъ қаламравро озод кард ва Киев натавонист қаламравро барои ҳуҷум нигоҳ дорад, то ки аз он дар музокирот бо Русия истифода кунад.Путин ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар бораи таъсиси минтақаи амниятӣ дар сарҳади Русия ва Украина чораандешӣ шавад.Ӯ баъдан дар ҷаласаи мушовараи Додситонии кулл гуфт, ки тамоми низомиёни украинӣ ва махсусан зархаридони хориҷӣ, ки дар вилояти Курск буданд ва ҷиноят содир кардаанд, террорист ҳастанд.Раисҷумҳури Русия афзуд, ҷиноятҳои содиркардаи низомиёни Украина бояд ошкор, сабт ва таҳқиқи ҳамаҷониба шаванд.
https://sputnik.tj/20250404/duvumin-sarbozi-ukraina-viloyati-kursk-benomu-nishon-1066867041.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/11/1066608412_52:0:2781:2047_1920x0_80_0_0_95e54d49ea75f353182f0965c5bfd48f.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, артиш
русия, украина, амалиёти вижа, артиш
Даҳҳо ҳазор низомиву техника: эълони талафоти артиши Украина дар самти Курск
18:52 13.04.2025 (Навсозишуда: 11:41 14.04.2025) Вазорати мудофаи Русия аз рафти амалиёти вижа дар Курс гузориш дода, талафоти зиёди низомиёну техникаи украинӣ дар шабонарӯзи ахирро қайд кард
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Давоми як шабонарӯз воҳидҳои Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск то 190 ҷангҷӯи нирӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд кардаанд.
Дар ин бора Вазорати дифои кишвар дар гузориши тозааш хабар медиҳад.
Илова бар ин режими Киев як танк, як мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 12 мошин, 4 тӯпхонаи саҳроӣ, се миномёт ва як системаи мушакии чандкаратаи "БМ-21 Град"-ро талаф дод.
Умуман, дар рафти амалиёти вижа дар самти Курск талафоти нерӯҳои Украина чунин аст:
333 мошини ҷангии пиёдагард;
2265 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ;
54 адад системаи ракетабарандаи сершумор, аз ҷумла 13 HIMARS ва ҳафт MLRS, ки дар ИМА сохта шудаанд;
123 истгоҳи электронии ҷангӣ;
18 радарҳои зидди батарея;
57 воҳиди муҳандисӣ ва дигар техника.
Тибқи ҳисоботи РИА "Новости" бар асоси додаҳои урӯҳи нерӯҳои "Север" ва маълумот аз манбаъҳои боз Киев дар вилояти Курск 5,5 ҳазор адад техникаи аз ҷониби Ғарб пешниҳодшударо ба маблағи 7,8 млрд доллар аз даст дод.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 августи соли 2024 оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Владимир Путин ахиран аз қароргоҳи фармондеҳии гурӯҳи низомиёни Курск дидан кард, ки ҳамлаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро аз байн бурд.
Ӯ гуфт, ки артиши Русия дар минтақаи марзии Курск беш аз 1000 километри мураббаъ қаламравро озод кард ва Киев натавонист қаламравро барои ҳуҷум нигоҳ дорад, то ки аз он дар музокирот бо Русия истифода кунад.
Путин ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар бораи таъсиси минтақаи амниятӣ дар сарҳади Русия ва Украина чораандешӣ шавад.
Ӯ баъдан дар ҷаласаи мушовараи Додситонии кулл гуфт, ки тамоми низомиёни украинӣ ва махсусан зархаридони хориҷӣ, ки дар вилояти Курск буданд ва ҷиноят содир кардаанд, террорист ҳастанд.
Раисҷумҳури Русия афзуд, ҷиноятҳои содиркардаи низомиёни Украина бояд ошкор, сабт ва таҳқиқи ҳамаҷониба шаванд.