Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон -2025 роҳхат гирифт

© Foto / Пресс-служба ФФТЮношеская сборная Таджикистана (U-17)
Юношеская сборная Таджикистана (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2025
Обуна шудан
Ғалаба бар тими Эрон имкон дод, ки дар гурӯҳи "D" мақоми аввалро ишғол кунанд ва роҳхати Ҷоми ҷаҳон - 2025 -ро ба даст орад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дасти мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё - 2025 роҳ ёфт.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи мо дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи "D" бо ҳисоби 3 бар 1 бар тими Эрон ғалаба кард.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ғалаба ба тими Тоҷикистон имкон дод, ки дар гурӯҳ мақоми якумро ишғол карда, роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025-ро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба даст орад.
Молодежная сборная Таджикистана (U-17) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2025
Ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё- 2025 маълум шуданд
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон ҷаҳон роҳ ёфт.
Қаблан наврасони тоҷик дар ҷомҳои ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) иштирок карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0