Кӯдак зери девор ҳалоку 29 хона хароб шуд: зарари заминларза дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПоследствия землетрясения в Лангари Шох
Последствия землетрясения в Лангари Шох - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2025
Обуна шудан
Заминҷунбӣ ва пасларзаҳои он, ки имрӯз бештар аз ҳама шарқи Тоҷикистонро такон дод, дар пай як қурбонӣ ҳам доштааст
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар шарқи Тоҷикистон як кӯдаки сесола бар асари заминларза ба ҳалокат расид.
Дар ин бора аз Маркази идораи бӯҳронии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании кишвар хабар доданд.
"Дар пайи пасларзаҳо дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, як кӯдаки сесола зери девори хона мондаву ба ҳалокат расидааст", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, то ҳол дар шарқи Тоҷикистон пас аз заминҷунбии субҳгоҳӣ боз се пасларза сар зад: аввал соати 09:24 бо шиддати 5 дараҷа, дуввумӣ соати 12:14 4 балл ва сеюмӣ соати 13:33 бо шиддати 3 дараҷа.
Ҳама заминларзаҳо дар шимолу шарқи Душанбе дар минтақаи Рашт, дар фосилаи 158 то 163 километр дуртар аз пойтахти Тоҷикистон рух додаанд.
Последствия землетрясения в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2025
Заминларзаи шадид дар Тоҷикистон 17 манзилро хароб кардааст: акс
"Дар маҷмӯъ 29 хона ва як мактаб дар Рашту Тоҷикобод тахриб шудааст", - шарҳ дод Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ.
Аз шумори умумӣ 17 хонау як мактаб дар ноҳияи Рашт ва 12 манзили дар Тоҷикобод хароб шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маконҳои зилзила комиссияи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ барои арзёбии хисорот кор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0