Раҳмон як гурӯҳи вижаро барои баррасии паёмади заминларза ва кумак ба Рашт фиристод

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял участие в работе первой сессии Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва.
Эмомали Рахмон принял участие в работе первой сессии Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2025
Обуна шудан
Комиссия вижаи ҳукумат ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғуланд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Муовини сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои дахлдор иборат аст.
Қайд карджа шудааст, ки ин комиссия ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарадида машғуланд.
Тибқи супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расондани кумак ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳарчи зудтар муайян карда шуда, ба корҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои пешомада суръат бахшида шавад.
Последствия землетрясения в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2025
Садҳо хонаву бино вайрону як кушта: эълони натиҷаи зарари заминҷунбӣ дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки 13 апрели соли 2025 дар ҳудуди Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод.
Тибқи маълумоти то ин лаҳза дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст.
Ҳамчунин се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
Лентаи хабарҳо
0