https://sputnik.tj/20250412/lukashenko-tojikiston-iiao-nazdiktar-nigoh-1066948960.html
Лукашенко: Тоҷикистон ба ИИАО наздиктар ва ба тарафи он нигоҳ мекунад
Лукашенко: Тоҷикистон ба ИИАО наздиктар ва ба тарафи он нигоҳ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Беларус гуфт, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб алайҳи Минск ва Маскав, бархе аз кишварҳое, ки узви ИИАО нестанд, ба ин иттиҳодия таваҷҷуҳ доранд
2025-04-12T11:39+0500
2025-04-12T11:39+0500
2025-04-12T11:39+0500
ииао
русия
белорус
александр лукашенко
дар тоҷикистон
авруосиё
иқтисод
таваҷҷуҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1b/1060630953_0:0:2747:1546_1920x0_80_0_0_cc7db9ae0f795fb396d64e0b4d31b704.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар баробари Озарбойҷон ва Узбекистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳ дорад.Дар ин бора раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Мир", изҳор дошт."ИИАО як шакли олии ташкили иттиҳоди мост, ИДМ хурдтар аст. Ҳанӯз ихтилофҳои муайян вуҷуд доранд, аммо пас аз ин ҳама таҳримҳо (бар зидди Маскав ва Минск) Озарбойҷон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба мо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд, онҳо ба сӯйи ИИАО нигоҳ доранд. Баъзе нозукиҳо ҳастанд, ки бояд бартараф карда шаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки ин масоилро бартараф кунем", - гуфт ӯЛукашенко инчунин кайд кард, ки забони русӣ ҳозир ҳамаи ҷумҳуриҳое, ки қаблан дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, муттахид менамояд."Омили хеле муҳим: мо ҳама ҳоло бо як забон ҳарф мезанем. Мо бо забони русӣ ҳарф мезанем. Ва ин як чизи бузург аст ва барои мо тарҷумонҳо лозим нестанд", - таъкид кард президенти Беларус.Лукашенко инчунин ваҳдати ҳифзшударо дастоварди бузург номид, зеро он барои ҳифзи бозор муҳим аст. Аз ин рӯ, раҳбари Беларус даъват кард, ки талошҳоро муттаҳид созем ва якҷоя рушд кунем."Мо метавонем ин корро дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё анҷом диҳем. Бархе чизҳое, ки дар чаҳорчӯби ИДМ, ки минтақаи озоди тиҷоратӣ дорад, бояд нигоҳ дошта шавад ", - шарҳ дод ӯ.Тоҷикистон ва ИИАОАз соли 2015 Тоҷикистон имкони пайвастани ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад.Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст.Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили ин созмон ёдовар шуд.Дар миёнаҳои моҳи августи соли гузашта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки Душанбе барои тасмим гирифтан бораи шомил шудан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.Он замон ӯ таъкид кард, ки мақомоти кишвар ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро арзёбӣ карда, таҷрибаи Қирғизистону Арманистонро меомӯзанд.
https://sputnik.tj/20250409/lukashenko-iiao-muhim-bozor-zindagist-muttahid-1066915436.html
русия
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/1b/1060630953_9:0:2740:2048_1920x0_80_0_0_a7a9bc605cfc27694a683630cf49a723.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, лукашенко, ииао, авруосиё, иқтисод, таҳрим, таваҷҷуҳ
тоҷикистон, лукашенко, ииао, авруосиё, иқтисод, таҳрим, таваҷҷуҳ
Лукашенко: Тоҷикистон ба ИИАО наздиктар ва ба тарафи он нигоҳ мекунад
Раҳбари Беларус гуфт, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб алайҳи Минск ва Маскав, бархе аз кишварҳое, ки узви ИИАО нестанд, ба ин иттиҳодия таваҷҷуҳ доранд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар баробари Озарбойҷон ва Узбекистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таваҷҷуҳ дорад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Мир", изҳор дошт.
"ИИАО як шакли олии ташкили иттиҳоди мост, ИДМ хурдтар аст. Ҳанӯз ихтилофҳои муайян вуҷуд доранд, аммо пас аз ин ҳама таҳримҳо (бар зидди Маскав ва Минск) Озарбойҷон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба мо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд, онҳо ба сӯйи ИИАО нигоҳ доранд. Баъзе нозукиҳо ҳастанд, ки бояд бартараф карда шаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки ин масоилро бартараф кунем", - гуфт ӯ
Лукашенко инчунин кайд кард, ки забони русӣ ҳозир ҳамаи ҷумҳуриҳое, ки қаблан дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, муттахид менамояд.
"Омили хеле муҳим: мо ҳама ҳоло бо як забон ҳарф мезанем. Мо бо забони русӣ ҳарф мезанем. Ва ин як чизи бузург аст ва барои мо тарҷумонҳо лозим нестанд", - таъкид кард президенти Беларус.
Лукашенко инчунин ваҳдати ҳифзшударо дастоварди бузург номид, зеро он барои ҳифзи бозор муҳим аст. Аз ин рӯ, раҳбари Беларус даъват кард, ки талошҳоро муттаҳид созем ва якҷоя рушд кунем.
"Мо метавонем ин корро дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё анҷом диҳем. Бархе чизҳое, ки дар чаҳорчӯби ИДМ, ки минтақаи озоди тиҷоратӣ дорад, бояд нигоҳ дошта шавад ", - шарҳ дод ӯ.
Аз соли 2015 Тоҷикистон имкони пайвастани ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст.
Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили ин созмон ёдовар шуд.
Дар миёнаҳои моҳи августи соли гузашта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки Душанбе барои тасмим гирифтан бораи шомил шудан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Он замон ӯ таъкид кард, ки мақомоти кишвар ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро арзёбӣ карда, таҷрибаи Қирғизистону Арманистонро меомӯзанд.