Дар Тоҷикистон бори аввал амалиёти мураккаби трахея анҷом дода шуд

© Фото : Пресс-служба 201 РВбВрачи, архивное фото
Врачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2023
Обуна шудан
Ҷарроҳ қайд кард, ки то ҳол дар Тоҷикистон танҳо амалиёти паллиативӣ анҷом дода мешуд, яъне барои вентилятсияи шуш найчаи трахеостомӣ гузошта мешуд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон бори аввал ҷарроҳии нодир, ҷарроҳии нодир, бурриши сиркулярии хирной (трахея) бо анастамози нуг ба нуг дар кӯдакон гузаронида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, амалиёт дар як духтарчаи 10 сола, ки бо ташхиси саратони хирной ба маркази мазкур муроҷиат намуда буд, бомуваффақият анҷом шуд.
Гуфта мешавад, ки вазъи саломатии духтарчаи ҷарроҳишуда муътадил буда, ӯ аллакай ба хона ҷавоб дода шудааст.
Вакцинация от российской вакцины Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2023
Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон бемории сурхча нест
Гуфта мешавад, ки ҷарроҳи дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” сурат гирифта, онро ҷарроҳи маркази номбурда Ҷовид Ҷамшедов гузаронидааст.
Ба гуфтаи табиб, то кунун дар кишвар ба чунин беморон, яъне беморони мубталои саратони хирной (трахея) дар кӯдакон танҳо ҷарроҳиҳои симптоматикӣ, яъне найчаи трахеостома барои нафаскашӣ гузошта мешуду халос.
Вай тавзеҳ дод, ки трахея байни гулуханҷара ва бронхҳои асосӣ ҷой гирифтааст ва тавассути он ҳаво ба шушҳо мегузарад, ки дар натиҷа агар дар дарунаш омос пайдо шавад, беморон нафас кашида наметавонанд.
Ба ин тартиб, афроди гирифтори саратони трахея дар Тоҷикистон умри дароз надоштанд, вале ҳоло табибони тоҷик метавонанд беморонро аз ин дард наҷот диҳанд, гуфт ҷарроҳ.
Лентаи хабарҳо
0