https://sputnik.tj/20250413/tarikh-farhang-tojikiston-namoishgoh-naqqoshi-nodir-dushanbe-video-1066962216.html
Таъриху фарҳанги Тоҷикистон: Намоишгоҳи наққошиҳои нодир дар Душанбе - Видео
Таъриху фарҳанги Тоҷикистон: Намоишгоҳи наққошиҳои нодир дар Душанбе - Видео
Sputnik Тоҷикистон
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ кушода шуд
2025-04-13T14:39+0500
2025-04-13T14:39+0500
2025-04-13T14:39+0500
видео
дар тоҷикистон
осорхонаи миллии тоҷикистон
фарҳанг
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0d/1066962033_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_65cf27aad58c384c4b4a030e0b16e2cd.jpg
Намоишгоҳ аз асарҳои барқароршуда ибора буда, зери унвони "Бозгашт" ба кори худ оғоз кард. Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд, дар ин намоишгоҳ беш аз 20 асари нодир ва маъруфи рассомони тоҷик ба намоиш гузошта шудааст. Ба гуфтаи вай, ин асарҳо зиндагии рӯзмарраи кишвар, таъриху фарҳанг ва зебоиҳои табиии Тоҷикистонро инъикос мекунанд. "Ҳадафи намоишгоҳи мо пешкаш намудани чунин корҳои нотакрор ба тамошобинон аст, то онҳо табиати зебои мо, манзараҳои зебои Тоҷикистонро бубинанд ва бештар ба таъриху фарҳанги ҷумҳурӣ низ ошно шаванд", - афзуд коршинос. Дар ин намоиш асарҳое, ки пас аз тармим ва консерватсия шудан ба намоиш гузошта шудаанд. Аз ҳама асари куҳансолтарини намоиши мазкур ин асари Алексей Моргунов таҳти унвони “Дар сари миз” мебошад, ки соли 1911 офарида шудааст.Нахустин гимназияи русии Хуҷанд хотираи қаҳрамонони худро пос медорадБояд гуфт, ки аҳамияти таърихии намоиши мазкур дар он аст, ки ин асарҳои нодир аз солҳои 60-уми асри XX то инҷониб ба намоиш бароварда нашудаанд. Аз ин рӯ, пас аз тармиму таҳкими пурраи онҳо аз ҷониби тармимгарону мутахассисони Осорхонаи миллӣ бори нахуст дар шакли намоиши осорхонавӣ пешкаши тамошобинон гардонида шудааст. Намоиши мазкур то санаи 22-уми апрел идома меёбад
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0d/1066962033_430:0:1870:1080_1920x0_80_0_0_b7dbaff097112d83d787339143b733b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таърих фарҳанг тоҷикистон намоишгоҳ наққошӣ нодир душанбе видео
таърих фарҳанг тоҷикистон намоишгоҳ наққошӣ нодир душанбе видео
Таъриху фарҳанги Тоҷикистон: Намоишгоҳи наққошиҳои нодир дар Душанбе - Видео
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ кушода шуд
Намоишгоҳ аз асарҳои барқароршуда ибора буда, зери унвони "Бозгашт" ба кори худ оғоз кард.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд, дар ин намоишгоҳ беш аз 20 асари нодир ва маъруфи рассомони тоҷик ба намоиш гузошта шудааст.
"Дар инҷо мо метавонем асарҳои рассомони машҳури тоҷик ба мисли Раҳимов Абдураҳмон, Сидоренко Вячеслав, Хушмуҳаммадов Маҷид, Моргунов Алексей ва дигарон дидан намоем", - қайд кард корманди Осорхонаи миллӣ Мушкинисо Аминова.
Ба гуфтаи вай, ин асарҳо зиндагии рӯзмарраи кишвар, таъриху фарҳанг ва зебоиҳои табиии Тоҷикистонро инъикос мекунанд.
"Ҳадафи намоишгоҳи мо пешкаш намудани чунин корҳои нотакрор ба тамошобинон аст, то онҳо табиати зебои мо, манзараҳои зебои Тоҷикистонро бубинанд ва бештар ба таъриху фарҳанги ҷумҳурӣ низ ошно шаванд", - афзуд коршинос.
Дар ин намоиш асарҳое, ки пас аз тармим ва консерватсия шудан ба намоиш гузошта шудаанд. Аз ҳама асари куҳансолтарини намоиши мазкур ин асари Алексей Моргунов таҳти унвони “Дар сари миз” мебошад, ки соли 1911 офарида шудааст.
Бояд гуфт, ки аҳамияти таърихии намоиши мазкур дар он аст, ки ин асарҳои нодир аз солҳои 60-уми асри XX то инҷониб ба намоиш бароварда нашудаанд.
Аз ин рӯ, пас аз тармиму таҳкими пурраи онҳо аз ҷониби тармимгарону мутахассисони Осорхонаи миллӣ бори нахуст дар шакли намоиши осорхонавӣ пешкаши тамошобинон гардонида шудааст. Намоиши мазкур то санаи 22-уми апрел идома меёбад