https://sputnik.tj/20250327/rahmon-peshnihod-pardokht-puli-barq-javobgarii-jinoyati-1066737563.html
Раҳмон пешниҳод кард, ки барои пардохт накардани пули барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян шавад
Раҳмон пешниҳод кард, ки барои пардохт накардани пули барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян шавад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёдион он изҳори нигаронӣ кард
2025-03-27T14:19+0500
2025-03-27T14:19+0500
2025-03-27T14:19+0500
дар тоҷикистон
маҷлиси ҳукумат
эмомалӣ раҳмон
барқ
пардохт
ҷавобгарии ҷиноӣ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1b/1066735863_271:315:1957:1264_1920x0_80_0_0_18f993afa22c3c48f69f138fa05a813b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири ҳукумат аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Кишвардори Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо супоришҳои мушаххас дод.Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа пешниҳзод кард, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад.Ҳамчунин дар маҷлис, ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Тоҷикистон, маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардид.Ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси ҳукумати барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои ҳарбии ҳудуди кишварҳои хориҷӣ маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.гуфта шудааст, ки дар ин маҷлис Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои ҳатмӣ, саривақтӣ ва босифати супоришҳои ҳукумат ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.Супоришҳо ҳамчунин дар бораи ташкили саривақтӣ ва босифати кишту кори баҳорӣ, махсусан пахта ва картошка, иҷрои супоришҳо президент, вусъати сабзкорӣ ва созандагӣ дар иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бахусус бунёди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дода шуд.
https://sputnik.tj/20250321/rahmon-sokinon-tavsia-porcha-zamin-du-se-hosil-bigirand-1066665766.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1b/1066735863_408:250:1783:1282_1920x0_80_0_0_a23f4b3b7d389fb30043f0e4613ef0e3.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пардохт, пули барқ. ҷавобгарии ҷинотӣ, пешниҳод, раҳмон, маҷлиси ҳзукумат
тоҷикистон, пардохт, пули барқ. ҷавобгарии ҷинотӣ, пешниҳод, раҳмон, маҷлиси ҳзукумат
Раҳмон пешниҳод кард, ки барои пардохт накардани пули барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян шавад
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёдион он изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири ҳукумат аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Кишвардори Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо супоришҳои мушаххас дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа пешниҳзод кард, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад.
Ҳамчунин дар маҷлис, ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Тоҷикистон, маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси ҳукумати барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои ҳарбии ҳудуди кишварҳои хориҷӣ маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
гуфта шудааст, ки дар ин маҷлис Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои ҳатмӣ, саривақтӣ ва босифати супоришҳои ҳукумат ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Супоришҳо ҳамчунин дар бораи ташкили саривақтӣ ва босифати кишту кори баҳорӣ, махсусан пахта ва картошка, иҷрои супоришҳо президент, вусъати сабзкорӣ ва созандагӣ дар иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бахусус бунёди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дода шуд.