https://sputnik.tj/20250123/harifon-muntakhab-navrason-tojikiston-jom-osiyo-2025-malum-shudand-1065978034.html
Ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё- 2025 маълум шуданд
Ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё- 2025 маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз қуръакашӣ дар қароргоҳи КФО дар Куала-Лумпур дақиқ шуд ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи “D” қарор гирифт 23.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-23T16:42+0500
2025-01-23T16:42+0500
2025-01-23T16:42+0500
дар тоҷикистон
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/12/1063994030_0:37:1208:717_1920x0_80_0_0_79c4e6e503e26703595ce07bfd7eb407.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё - 2025 бо тимҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунанд.Дар ин бора ФФТ хабар дода, афзуд, ки ҳарифони мунтӣахаби наврасони тоҷик зимни қуръакашӣ, ки дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-лампур баргузор шуд, муайян гардиданд.Мусобиқа аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Манбаъ афзуд, ки ҳамаи иштирокчиёни даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхати чемпионати ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад.Дар ҳамин ҳол, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Марко Раҷини изҳор дошт, ки рақибони мунтахаби наврасони тоҷик дар гурӯҳи "D" дастаҳои қавӣ ҳастанд."Мо шомили гурӯҳи қавие гардидем. Дар марҳилаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Уммон бозӣ карда будем. Мунтахаби хуб аст. Дастаи Эрон барои мо ба хубӣ ошност, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем. Ва бозиҳои мо ҳамеша бениҳоят душвор мегузаштанд. Дар мавриди мунтахаби Кореяи Шимолӣ – ин даста аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва тактикӣ хуб омодашуда аст", - шарҳ дод Раҷини.Бо вуҷуди ин, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон гуфт, ки ба даста ва бозигарон боварии калон дорад."Боварӣ дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсадҳои худ мерасем", – иброз намуд, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Марко Раҷини.
https://sputnik.tj/20241027/muntakhab-navrason-tojikiston-qism-nihoi-jomi-osiyo-1064875371.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/12/1063994030_0:12:1156:879_1920x0_80_0_0_3c0964843f763c39bc679105eada1da8.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, футбол
Ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё- 2025 маълум шуданд
Пас аз қуръакашӣ дар қароргоҳи КФО дар Куала-Лумпур дақиқ шуд ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи “D” қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Мунтахаби наврасони то 17 - солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё - 2025 бо тимҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунанд.
Дар ин бора ФФТ хабар дода, афзуд, ки ҳарифони мунтӣахаби наврасони тоҷик зимни қуръакашӣ, ки дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-лампур баргузор шуд, муайян гардиданд.
Мусобиқа аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Манбаъ афзуд, ки ҳамаи иштирокчиёни даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхати чемпионати ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Марко Раҷини изҳор дошт, ки рақибони мунтахаби наврасони тоҷик дар гурӯҳи "D" дастаҳои қавӣ ҳастанд.
"Мо шомили гурӯҳи қавие гардидем. Дар марҳилаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Уммон бозӣ карда будем. Мунтахаби хуб аст. Дастаи Эрон барои мо ба хубӣ ошност, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем. Ва бозиҳои мо ҳамеша бениҳоят душвор мегузаштанд. Дар мавриди мунтахаби Кореяи Шимолӣ – ин даста аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва тактикӣ хуб омодашуда аст", - шарҳ дод Раҷини.
Бо вуҷуди ин, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон гуфт, ки ба даста ва бозигарон боварии калон дорад.
"Боварӣ дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсадҳои худ мерасем", – иброз намуд, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Марко Раҷини.