https://sputnik.tj/20250411/dushanbe-maskav-tamini-sharoiti-kor-muhojiron-1066935465.html
Душанбеву Маскав масъалаи таъмини шароити кор барои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ карданд
Душанбеву Маскав масъалаи таъмини шароити кор барои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Русия зимни мулоқот аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо баён доштанд
2025-04-11T09:36+0500
2025-04-11T09:36+0500
2025-04-11T09:36+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
шароит
кор
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066932815_0:60:757:486_1920x0_80_0_0_16f8fe906ac9ed50f440024042db92cc.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо ҳайати Русия, ки барои баррасии масъалаҳои шуғл, муҳоҷирати аҳолӣ ва омода намудани мутахассисон дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот кард.Дар ин бора вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби бештари шаҳрвандони Тоҷикистонро барои фаъолияти корӣ дар Русия тавассути сафарбаркунии муташаккилона, омодагии пеш аз сафари онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.Ҳамчунин тарафҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, таъмини шароити меҳнат барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои корфармоёни Русия бо ширкатҳои интиқолдиҳандаи қувваи корӣ гуфтугӯ намуданд.Аз ҷумла ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти фаъолият таъсиси филиалҳои намояндагии МДБ “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷиратӣ” дар назди марказҳои навтаъсиси рушди малакаҳо ва касбомӯзию хизматрасонӣ бо мақсади ба роҳ мондани супоридани имтиҳони донистани забони русӣ, ки ҳайати мазкур бо фаъолияти яке аз марказҳои мазкур дар ноҳияи Данғара шинос шуданд,пешниҳод намуданд.Инчунин ҷониби Тоҷикистон масъалаи тезонидани раванди баимзорасонии лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони кишвар барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия аз 17 апрели соли 2019 пешниҳод намуд.Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба, омодагии худро барои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.
https://sputnik.tj/20250410/dushanbe-jalbi-mutashakkili-muhojiron-vasilai-idorai-ravand-1066929631.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066932815_45:0:712:500_1920x0_80_0_0_073d7ffb0d0b894e80a03e899ce2cd8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, таъмин, шароити кор, русия, мулоқот, вазир, душанбе, маскав
тоҷикистон, муҳоҷират, таъмин, шароити кор, русия, мулоқот, вазир, душанбе, маскав
Душанбеву Маскав масъалаи таъмини шароити кор барои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Русия зимни мулоқот аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо баён доштанд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо ҳайати Русия, ки барои баррасии масъалаҳои шуғл, муҳоҷирати аҳолӣ ва омода намудани мутахассисон дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот кард.
Дар ин бора вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби бештари шаҳрвандони Тоҷикистонро барои фаъолияти корӣ дар Русия тавассути сафарбаркунии муташаккилона, омодагии пеш аз сафари онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин тарафҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон, таъмини шароити меҳнат барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои корфармоёни Русия бо ширкатҳои интиқолдиҳандаи қувваи корӣ гуфтугӯ намуданд.
Аз ҷумла ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти фаъолият таъсиси филиалҳои намояндагии МДБ “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷиратӣ” дар назди марказҳои навтаъсиси рушди малакаҳо ва касбомӯзию хизматрасонӣ бо мақсади ба роҳ мондани супоридани имтиҳони донистани забони русӣ, ки ҳайати мазкур бо фаъолияти яке аз марказҳои мазкур дар ноҳияи Данғара шинос шуданд,пешниҳод намуданд.
Инчунин ҷониби Тоҷикистон масъалаи тезонидани раванди баимзорасонии лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони кишвар барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия аз 17 апрели соли 2019 пешниҳод намуд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои дуҷониба, омодагии худро барои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.