https://sputnik.tj/20250410/dushanbe-jalbi-mutashakkili-muhojiron-vasilai-idorai-ravand-1066929631.html
Душанбе ҷалби муташаккили муҳоҷиронро як василаи муассири идораи ин раванд медонад
Душанбе ҷалби муташаккили муҳоҷиронро як василаи муассири идораи ин раванд медонад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷалби муташшакилонаи муҳоҷирони корӣ барои кор дар Русия як намунаи ҳамкориҳои муваффақ ва устувори байнидавлатии ду кишвар аст
2025-04-10T14:23+0500
2025-04-10T14:23+0500
2025-04-10T14:29+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
ҷалби муҳоҷирон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066926854_0:213:1280:933_1920x0_80_0_0_11fa84da8fd735db0fe5c75423a30e8e.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мехоҳад ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандонро барои кор дар Русия ба як василаи муассири танзими муҳоҷират табдил диҳад.Дар ин бора Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳаштумин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт.Муовини вазири меҳнат гуфт, ки барои Тоҷикистон махсусан муҳим аст, ки ин механизм [ҷалби муташаккил] на танҳо ба як воситаи муассири танзими равандҳои муҳоҷират, балки ба як намунаи ҳамкориҳои муваффақ ва устувори байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия гардад.Муовини вазир ҳамчунин зикр кард, ки дар як соли охир ва авоили соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 70 дархост аз корфармоёни рус барои ҷалби беш аз 25 ҳазор нафар ворид шудааст.Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли 2024 дар доираи ҷалби муташаккил 15 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ барои кор ба Русия фиристода шудаанд.Ба гуфтаи вазорати меҳнати Тоҷикистон, бештари шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои кор ба хориҷа мераванд, бештар Русияро интихоб мекунанд.Ба иттилои омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 392 ҳазору 805 нафар муҳоҷири корӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки аз ин шумора 387 ҳазору 987 нафарашон ба Русия сафар карданд.Маҷрои муҳоҷирони корӣ ба Русия дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидзода хабар дод, ки соли гузашта беш аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо далели нақзи мухталифи қонун аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.
https://sputnik.tj/20250326/sarvaziri-rusiya-mushkilot-muhojirat-1066726529.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066926854_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_822ff9d0c3b383809963f0be075386d2.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, раванд, идора, вазорати меҳнат, душанбе, мақомот, нодирӣ
тоҷикистон, муҳоҷират, раванд, идора, вазорати меҳнат, душанбе, мақомот, нодирӣ
Душанбе ҷалби муташаккили муҳоҷиронро як василаи муассири идораи ин раванд медонад
14:23 10.04.2025 (Навсозишуда: 14:29 10.04.2025) Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷалби муташшакилонаи муҳоҷирони корӣ барои кор дар Русия як намунаи ҳамкориҳои муваффақ ва устувори байнидавлатии ду кишвар аст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мехоҳад ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандонро барои кор дар Русия ба як василаи муассири танзими муҳоҷират табдил диҳад.
Дар ин бора Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳаштумин ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт.
Муовини вазири меҳнат гуфт, ки барои Тоҷикистон махсусан муҳим аст, ки ин механизм [ҷалби муташаккил] на танҳо ба як воситаи муассири танзими равандҳои муҳоҷират, балки ба як намунаи ҳамкориҳои муваффақ ва устувори байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия гардад.
"Мо, албатта, ҳамеша таъкид менамоем, ки Тоҷикистон ҳамсояи наздиктарин ва шарики стратегии мост. Мо дӯстӣ ва ҳамкориҳои байни кишварҳоямонро хеле қадр мекунем. Умедворем, ки иқдомот, вохӯриҳои доимии мо на танҳо дар масъалаҳои муҳоҷират, муносибатҳои меҳнатӣ, балки ба таври умум ба таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ, шарикӣ ва меҳнатии кишварҳоямон мусоидат мекунанд", - гуфт хонум Нодирӣ.
Муовини вазир ҳамчунин зикр кард, ки дар як соли охир ва авоили соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 70 дархост аз корфармоёни рус барои ҷалби беш аз 25 ҳазор нафар ворид шудааст.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар соли 2024 дар доираи ҷалби муташаккил 15 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ барои кор ба Русия фиристода шудаанд.
Ба гуфтаи вазорати меҳнати Тоҷикистон, бештари шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои кор ба хориҷа мераванд, бештар Русияро интихоб мекунанд.
Ба иттилои омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 392 ҳазору 805 нафар муҳоҷири корӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки аз ин шумора 387 ҳазору 987 нафарашон ба Русия сафар карданд.
Маҷрои муҳоҷирони корӣ ба Русия дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 15% коҳиш ёфтааст. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидзода хабар дод, ки соли гузашта беш аз 30 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо далели нақзи мухталифи қонун аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд.