https://sputnik.tj/20250410/sentyabri-nafaqaho-ziyod-meshavad-1066919427.html
Аз якуми сентябри соли 2025 нафақаҳо 10 фоиз зиёд мешавад?
Аз якуми сентябри соли 2025 нафақаҳо 10 фоиз зиёд мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассиси тоҷик мегӯяд, ки зиёдшавии маош ва нафақаву стипендияҳо аз раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар шаҳодат медиҳад
2025-04-10T09:36+0500
2025-04-10T09:36+0500
2025-04-10T09:36+0500
дар тоҷикистон
нафақа
иҷтимоъ
маош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833372_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_121cdfad1c8f2564a98321f81222cb7f.jpg.webp
ДУШАНБЕ,10 апр — Sputnik. Муовини сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Фаридун Зуҳуров ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар додааст, ки дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон аз якуми сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, инчунин, иловапулиҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия хоҳад шуд.Вай гуфтааст, ки натиҷаи зиёдшавии нафақаҳо имкон медиҳад, ки шароити зиндагии нафақагирон боз ҳам беҳтар мегардад.Ба гуфтаи оқои Зуҳуров дар шароити зиёд шудани буҳронҳои ҷаҳонӣ иқдоми баланд бардоштани маоши вазифавӣ, сарфи назар аз таъсири буҳронҳо ба буҷети давлатӣ, аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии роҳбари давлат дар беҳтарнамоии шароити зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.Вай таъкид кардааст, ки баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ қариб ҳамасола маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷетӣ афзуда, дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини некуаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нақши калон дорад.Зиёдшавии маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақаву стипендияҳо аз раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар шаҳодат дода, боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳаҳои мазкур шуда, масъулияти онҳоро дар беҳтар кардани самтҳои фаъолият зиёд мегардонад.“Агар ба панҷ соли охир назар андозем, мебинем, ки сол ба сол нафақаи нафақагирон аз рӯи синну сол, маъюбӣ ва маҳрум шудан аз саробон афзудааст”,- илова кард ӯ.
https://sputnik.tj/20250208/prezident-qarori-maosh-nafaqaro-imzo-kard-1066153846.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833372_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_a9751e9d7d2a29a1b63b5f9cb71b1265.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нафақа, зиёд, маош, сентябр, иҷтимоъ
тоҷикистон, нафақа, зиёд, маош, сентябр, иҷтимоъ
Аз якуми сентябри соли 2025 нафақаҳо 10 фоиз зиёд мешавад?
Мутахассиси тоҷик мегӯяд, ки зиёдшавии маош ва нафақаву стипендияҳо аз раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ,10 апр — Sputnik. Муовини сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Фаридун Зуҳуров ба рӯзномаи
“Ҷумҳурият” хабар додааст, ки дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон аз якуми сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, инчунин, иловапулиҳо ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия хоҳад шуд.
Вай гуфтааст, ки натиҷаи зиёдшавии нафақаҳо имкон медиҳад, ки шароити зиндагии нафақагирон боз ҳам беҳтар мегардад.
Ба гуфтаи оқои Зуҳуров дар шароити зиёд шудани буҳронҳои ҷаҳонӣ иқдоми баланд бардоштани маоши вазифавӣ, сарфи назар аз таъсири буҳронҳо ба буҷети давлатӣ, аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии роҳбари давлат дар беҳтарнамоии шароити зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.
Вай таъкид кардааст, ки баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ қариб ҳамасола маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷетӣ афзуда, дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини некуаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нақши калон дорад.
Зиёдшавии маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақаву стипендияҳо аз раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар шаҳодат дода, боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳаҳои мазкур шуда, масъулияти онҳоро дар беҳтар кардани самтҳои фаъолият зиёд мегардонад.
“Агар ба панҷ соли охир назар андозем, мебинем, ки сол ба сол нафақаи нафақагирон аз рӯи синну сол, маъюбӣ ва маҳрум шудан аз саробон афзудааст”,- илова кард ӯ.