https://sputnik.tj/20250319/korshinos-tojikiston-ba-zaboni-rusi-tavajjuhi-ziyod-dorad-1066632223.html
Коршинос: Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад
Коршинос: Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари мактаби ба номи. Гагарин дар Душанбе боварӣ дорад, ки таълими русӣ ба толибилмон имкон медиҳад, ки дар оянда дар фазои ҷаҳонӣ бомуваффақият бошанд
2025-03-19T13:58+0500
2025-03-19T13:58+0500
2025-03-19T13:58+0500
забони русӣ
дар тоҷикистон
мактаб
таҳсил
авруосиё
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066631162_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_c973a7d45697de4d5a66cf4ec69b0996.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Мудири мактаби русӣ-тоҷикӣ ба номи Гагарин дар Душанбе Владимир Гудков дар бораи талаботи зиёд ба омузиши забони русӣ дар Точикистон таъкид кард.Дар ҷумҳури донишомӯзӣ ба забони русӣ аҳамияти хос пайдо кардааст, гуфт дар рафти мизи мудаввар бахшида ба ташкили Ассотсиатсияи Авруосиёии дастгирии забони русӣ.Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин таҳсил ба толибилмон имкон медиҳад, ки дар оянда дар фазои ҷаҳонӣ муваффақ шаванд.Илова бар ин мудири мактаб боварӣ дорад, ки технологияҳои нави таълимӣ имкониятҳои кӯдаконро дар азхудкунии соҳаҳои нави таълимӣ дар илм, фарҳанг ва техника васеътар мекунанд.Гудков ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ дар Қонуни асосӣ омадааст, ки забони русӣ забони муоширати фарҳангии байни миллатҳост. Ва беш аз 260 мактаб дар ҳудуди Тоҷикистон ҳадди ақал як синф бо таълим бо забони русӣ доранд.Қаблан дар бораи таъсиси Ассотсиатсияи АвруОсиёии дастгирии забони русӣ Сергей Кравтсов, вазири маорифи Русия хабар дода буд.Ассотсиатсия инчунин тарғиби арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ ва татбиқи барномаҳои таълимӣ дар бораи омӯзиши фарҳанги Русия дар кишварҳои АвруОсиёро ба нақша гирифтааст.Дар Маркази байналмилалии мултимедиаи "Россия сегодня" мизи мудаввар бахшида ба таъсиси Ассотсиатсияи АвруОсиёии дастгирии забони русӣ баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20250319/rusiya-tasisi-assotsiatsiyai-avruosiyoi-dastgirii-zaboni-rusi-1066630946.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/13/1066631162_120:0:1080:720_1920x0_80_0_0_dc2fc69ab5356fbeb331678e8d1406a6.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, забони русӣ, таваҷҷуҳ, таҳсил, маориф, коршинос, русия, мактаб
тоҷикистон, забони русӣ, таваҷҷуҳ, таҳсил, маориф, коршинос, русия, мактаб
Коршинос: Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад
Роҳбари мактаби ба номи. Гагарин дар Душанбе боварӣ дорад, ки таълими русӣ ба толибилмон имкон медиҳад, ки дар оянда дар фазои ҷаҳонӣ бомуваффақият бошанд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Мудири мактаби русӣ-тоҷикӣ ба номи Гагарин дар Душанбе Владимир Гудков дар бораи талаботи зиёд ба омузиши забони русӣ дар Точикистон таъкид кард.
Дар ҷумҳури донишомӯзӣ ба забони русӣ аҳамияти хос пайдо кардааст, гуфт дар рафти мизи мудаввар бахшида ба ташкили Ассотсиатсияи Авруосиёии дастгирии забони русӣ.
"Дар соли хониши ҷорӣ дар мактаби ба номи Гагарини шаҳри Душанбе озмун барои қабул ба синфҳои 1-ум дар як ҷой 49 нафарро ташкил медод. Чунин рақобати баланд пеш аз ҳама ба дарки муҳим будани гирифтани таҳсилоти беҳтарин аз рӯи стандартҳои Русия вобаста аст", — қайд кард Гудков.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин таҳсил ба толибилмон имкон медиҳад, ки дар оянда дар фазои ҷаҳонӣ муваффақ шаванд.
Илова бар ин мудири мактаб боварӣ дорад, ки технологияҳои нави таълимӣ имкониятҳои кӯдаконро дар азхудкунии соҳаҳои нави таълимӣ дар илм, фарҳанг ва техника васеътар мекунанд.
Гудков ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ дар Қонуни асосӣ омадааст, ки забони русӣ забони муоширати фарҳангии байни миллатҳост. Ва беш аз 260 мактаб дар ҳудуди Тоҷикистон ҳадди ақал як синф бо таълим бо забони русӣ доранд.
"Аз ин рӯ, талабот зиёд аст; дар ин ҷо фаъолияти Ассотсиатсияи АвруОсиёии дастгирии забони русӣ ба таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард", - хулоса кард ӯ.
Қаблан дар бораи таъсиси Ассотсиатсияи АвруОсиёии дастгирии забони русӣ Сергей Кравтсов, вазири маорифи Русия хабар дода буд.
Ассотсиатсия инчунин тарғиби арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ ва татбиқи барномаҳои таълимӣ дар бораи омӯзиши фарҳанги Русия дар кишварҳои АвруОсиёро ба нақша гирифтааст.
Дар Маркази байналмилалии мултимедиаи "Россия сегодня" мизи мудаввар бахшида ба таъсиси Ассотсиатсияи АвруОсиёии дастгирии забони русӣ баргузор гардид.