Мақомот гуфт, мактаббачаҳо кай ба таътили тобистона мебароянд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДети на качелях в саду Ирам
Дети на качелях в саду Ирам  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2025
Обуна шудан
Вазорати маориф эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон хонандагони синфҳои 1 аз 25 май ва синфҳои 2-11 аз 31 май ба таътили тобистона мебароянд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Машғулияти таълимӣ дар синфҳои 2-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 31 майи соли 2025 ва дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 25 майи соли 2025, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ба анҷом расонида мешавад.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои вазорат бо мақсади анҷом ёфтани соли таҳсили 2024-2025 фармоиши Вазири маориф ва илми Тоҷикистон "Оид ба анҷоми соли таҳсили 2024-2025, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон" ба тасвиб расид.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба истиснои мактаб-интернатҳо барои нобиноён (рӯзона), синфҳои 5-8 ва 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии калонсолон ва наврасони нобино ва сустбин (ғоибона) аз 2 июн то 10 июни соли 2025 гзаронида мешавад.
Контрольное совещание при министре образования и науки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Вазорати маориф роҳи ҳалли мушкилоти донишҷӯёни тоҷики ихроҷшуда аз Русияро пайдо кард
Инчунин ба иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон аттестатсияи ҳатмии хонандагони синфи 9-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 2 то 16 июни соли 2025 ва аттестатсияи ҳатмии хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 2 то 20 июни соли 2025 гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазорати маориф хабар дод, ки соли нави хониш макотиби Тоҷикистон тахминан 250 ҳазор хонандаро ба синфи як қабул мекунад.
Ҳамчунин вазорат қайд кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ имсол 40 ҳазор донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишгоҳҳоро хатм мекунанд.
Чанде пеш кишвардори Тоҷикистон гуфта буд, ки дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва ин нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0