Вазорати маориф роҳи ҳалли мушкилоти донишҷӯёни тоҷики ихроҷшуда аз Русияро пайдо кард

© Foto / Министерство образования и науки Республики ТаджикистанКонтрольное совещание при министре образования и науки
Контрольное совещание при министре образования и науки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Обуна шудан
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия супоришҳои қатъӣ дод
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар ҷаласаи назорате, ки таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид, мавзуи “Таҳсили муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” баррасӣ шуд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур вазири маорифи кишвар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи рафъи мушкилоти таҳсили муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия ҷалб намуд.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки вобаста ба беҳтар намудани равобит ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм то кунун корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.
Дар ин ҷаласа қайд гардид донишҷӯёне, ки бо сабаҳои гуногун аз муассисаҳои таҳсилоти олии кисбии Русия хориҷ шуда буданд, ёфтан ба муассисаҳои таълимии кишвар равон карда шуданд.
Зикр гардидааст, ки донишҷӯёни ихроҷшуда аз Русия бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба унвонии Вазорати маориф ва илм муроҷиат намуданд.
День открытых дверей в РТСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2025
Дар Тоҷикистон таҳсил бо забони русиро дар куҷо метавон гирифт?
Дар ҳоли ҳозир вазорат барои интиқоли онҳо ба муассисаҳои таълимии кишвар иҷозат додааст.
Дар охир, вазири маориф ва илми кишвар барои рафъи мушкилоти донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия супоришҳои қатъӣ дод.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаааст.
Ба иттилои мақомот дар муассисаҳои олии Русия дар маҷмуъ 28 728 шаҳрванди кишвар ба ҳайси донишҷӯ таҳсил менамоянд.
Чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия омодагии худро барои афзоиши квота барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия эълом карда буд.
Лентаи хабарҳо
0