https://sputnik.tj/20250410/karlson-ima-jangro-ziddi-rusiya-bokht-1066932433.html
Карлсон: ИМА ҷангро бар зидди Русия бохт
Карлсон: ИМА ҷангро бар зидди Русия бохт
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигори машҳури амрикоӣ гуфт, ки кишвараш ҷангро бар зидди Русия бохтааст ва давлати Украинаро комилан хароб кардааст
2025-04-10T20:01+0500
2025-04-10T20:01+0500
2025-04-10T20:23+0500
амалиёти вижа
украина
има
ҷанг
русия
дар русия
бохт
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0f/1061711083_38:64:3377:1942_1920x0_80_0_0_bb5c8e49c6cbcf389f306f55605ecda1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон ахиран гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҷанг бар зидди Русия, ки артиши Амрико, Департаменти давлатӣ ва агентиҳои иктишофӣ мебурданд, мағлуб шуд."Фикр намекунам, ки сиёсатмадорон дар Вошингтон як чизро дарк карданд: Мо ҳамин ҳоло дар ҷанг бар зидди Русия мағлуб шудем. Иёлоти Муттаҳида ин ҷангро идора мекарданд. Артиши Амрико, Пентагон, Департаменти давлатӣ, CIA алайҳи Русия ҷангиданд",- гуфт ӯ.Ба гуфтаи Карлсон, иқдомоти Амрико алайҳи Русия ҳеҷ гоҳ бо Украина иртибот надошт."Дар Вашингтон касе ба Украина ва ё кушта шудани садҳо ҳазор украинӣ парвое надорад. Гап сари он аст, ки дар он ҷо мардуми ҷаҳони сеюм зиндагӣ хоҳанд кард. Украинаро дар назар дорам. Мо танҳо Украинаро хароб кардем. Ҳеҷ кас парвое надорад", - афзуд рӯзноманигор.Ба ақидаи ӯ, сарфи назар аз мағлубият, дар ИМА дар ин бора касе ошкоро изхор нахохад кард ва эътироф намекунанд, ки Вашингтон ба худ баҳои хеле баланд додааст."Ман воқеъан аз ин метарсам. Чаро мо наметавонем бидонем, ки мо дар ҷанги муқаррарӣ алайҳи Русия пирӯз шуда натавонистем. Ин дар бораи қудрати мо чӣ мегӯяд, шояд мо интизориҳои худро каме ислоҳ кунем?" — илова кард Карлсон.Вай қаблан изҳор дошта буд, ки бо вуҷуди кумакҳои низомӣ ба Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ҷангидани бисёре аз амрикоиҳо дар Украина, ИМА дар муноқишаи Украина заъфият нишон додааст.Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Украина чизеро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро давом медиҳад. Тавре вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров таъкид кард, НАТО дар ин рӯёрӯӣ на танҳо бо фиристодани дороиҳои низомӣ, балки тавассути омӯзиши кадрҳо бевосита иштирок мекунад.
https://sputnik.tj/20250408/artishi-rusiya-deha-viloyati-kursk-neruhoi-ukraini-ozod-1066908459.html
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0f/1061711083_70:0:2801:2048_1920x0_80_0_0_e7382f3a2d4326cc1256cd0430902415.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, русия, амалиёти вижа, украина, ҷанг, бохт, рӯзноманигор
има, русия, амалиёти вижа, украина, ҷанг, бохт, рӯзноманигор
Карлсон: ИМА ҷангро бар зидди Русия бохт
20:01 10.04.2025 (Навсозишуда: 20:23 10.04.2025) Рӯзноманигори машҳури амрикоӣ гуфт, ки кишвараш ҷангро бар зидди Русия бохтааст ва давлати Украинаро комилан хароб кардааст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон ахиран гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҷанг бар зидди Русия, ки артиши Амрико, Департаменти давлатӣ ва агентиҳои иктишофӣ мебурданд, мағлуб шуд.
"Фикр намекунам, ки сиёсатмадорон дар Вошингтон як чизро дарк карданд: Мо ҳамин ҳоло дар ҷанг бар зидди Русия мағлуб шудем. Иёлоти Муттаҳида ин ҷангро идора мекарданд. Артиши Амрико, Пентагон, Департаменти давлатӣ, CIA алайҳи Русия ҷангиданд",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Карлсон, иқдомоти Амрико алайҳи Русия ҳеҷ гоҳ бо Украина иртибот надошт.
"Дар Вашингтон касе ба Украина ва ё кушта шудани садҳо ҳазор украинӣ парвое надорад. Гап сари он аст, ки дар он ҷо мардуми ҷаҳони сеюм зиндагӣ хоҳанд кард. Украинаро дар назар дорам. Мо танҳо Украинаро хароб кардем. Ҳеҷ кас парвое надорад", - афзуд рӯзноманигор.
Ба ақидаи ӯ, сарфи назар аз мағлубият, дар ИМА дар ин бора касе ошкоро изхор нахохад кард ва эътироф намекунанд, ки Вашингтон ба худ баҳои хеле баланд додааст.
"Ман воқеъан аз ин метарсам. Чаро мо наметавонем бидонем, ки мо дар ҷанги муқаррарӣ алайҳи Русия пирӯз шуда натавонистем. Ин дар бораи қудрати мо чӣ мегӯяд, шояд мо интизориҳои худро каме ислоҳ кунем?" — илова кард Карлсон.
Вай қаблан изҳор дошта буд, ки бо вуҷуди кумакҳои низомӣ ба Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва ҷангидани бисёре аз амрикоиҳо дар Украина, ИМА дар муноқишаи Украина заъфият нишон додааст.
Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Украина чизеро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро давом медиҳад. Тавре вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров таъкид кард, НАТО дар ин рӯёрӯӣ на танҳо бо фиристодани дороиҳои низомӣ, балки тавассути омӯзиши кадрҳо бевосита иштирок мекунад.