Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 270 тонна орд мефиристад

© Foto / Министерство образования и науки Республики Таджикистан Передача школьного питания в рамках Всемирной продовольственной программы ООН
 Передача школьного питания в рамках Всемирной продовольственной программы ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2025
Обуна шудан
Ин кумак дар рӯзҳои наздик ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 9 апр– Sputnik. Ахиран дар деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027” маросими супоридани маводи ғизои мактабӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин, мушовир – фиристодаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская, намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам, инчунин намояндагони муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Русия самти муҳим ва устувори сиёсати иҷтимоии давлатро ташкил медиҳанд.
Вай таъкид намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи хушсифати ғизоӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар мебошад.
фиристодаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская иброз намуд, ки ҳамкориҳои самарабахш миёни Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди маориф таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва байналмилалӣ мебошанд.
Нефтекачалки. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2025
Русия метавонад дар коркарди 22 кони нафту гази Тоҷикистон ширкат кунад
Вай афзуд, ки рушди ғизои мактабӣ ва дастрасии оқилона ва дуруст ба ғизои солим як изҳори масъулиятнокии давлати Русия ва ҷонибдории устувори лоиҳаҳои муҳим ва стратегии озуқаворӣ мебошад.
Дар маросими супоридани аввалин бастаҳои кумак, қайд гардид, ки аз соли 2022 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ташкили ғизои гарм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ шудааст.
“Дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ, ки бо мақсади таъмин кардани мактаббачагон бо ғизои солим ва хушсифат амалӣ мешавад, дар навбати аввал аз ҷониби Русия 270 тонна орди ғанигардонидашуда ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода мешавад”, - қайд кардаанд дар ин маросим.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки маводи хӯрокворӣ дар рӯзҳои наздик ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0