https://sputnik.tj/20250404/rusiya-korkard-22-kon-naft-gaz-tojikiston-1066847138.html
Русия метавонад дар коркарди 22 кони нафту гази Тоҷикистон ширкат кунад
Русия метавонад дар коркарди 22 кони нафту гази Тоҷикистон ширкат кунад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ширкатҳои Русияро барои ширкат дар коркарди 22 кони ояндадори нафту газ ва коркарди он даъват кардааст
2025-04-04T09:30+0500
2025-04-04T09:30+0500
2025-04-04T09:30+0500
дар тоҷикистон
русия
газу нафт
иқтисод
энергетика
далер ҷумъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101488/65/1014886562_0:86:3036:1794_1920x0_80_0_0_4609d0e528f4a7dc8f7f3058b6b039e0.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Тоҷикистону Русия соли ҷорӣ дар бораи тарҳҳои муштараки нафту газ тасмим мегиранд ва кор барои амалӣ намудани ин тарҳҳо шояд соли 2026 оғоз шавад.Дар ин бора ба ТАСС вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии энержии “Энергопром” хабар дод.Вазир қайд кард, ки Тоҷикистон бахши аъзами маҳсулоти нафту гази худро аз Русия ворид мекунад. Азхудкунии конҳои нави нафту газ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки кишвар содироти онҳоро ба ҷануб оғоз кунад. Дар Тоҷикистон ҳудуди 28 кони нафт ба қайд гирифта шуда, захираҳои тасдиқшуда дар кишвар беш аз 2 млн тоннаро ташкил медиҳанд ва 12 корхонаи коркарди нафт фаъолият доранд.Тибқи иттилои Вазорати энержии Тоҷикистон, дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ беш аз 16,1 ҳазор тонна нафт тавлид шудааст, ки барои таъмини корхонаҳои коркарди нафт кифоят намекунад, аз ин рӯ ба кишвар маҳсулоти нафтӣ ва газ ворид мешавад. Русия таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20250318/rusiya-purra-niyozi-tojikiston-mavodi-sukht-tamin-1066616986.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101488/65/1014886562_56:0:2787:2048_1920x0_80_0_0_7a32852342a1705de988728666b20758.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия коркард кон нафту газ
тоҷикистон русия коркард кон нафту газ
Русия метавонад дар коркарди 22 кони нафту гази Тоҷикистон ширкат кунад
Тоҷикистон ширкатҳои Русияро барои ширкат дар коркарди 22 кони ояндадори нафту газ ва коркарди он даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Тоҷикистону Русия соли ҷорӣ дар бораи тарҳҳои муштараки нафту газ тасмим мегиранд ва кор барои амалӣ намудани ин тарҳҳо шояд соли 2026 оғоз шавад.
Дар ин бора ба ТАСС вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии энержии “Энергопром” хабар дод.
"Дар саросари кишвар мо 22 кони ояндадори нафту газ дорем. [Бо ҷониби Русия] масъалаҳои истихроҷ ва коркард баррасӣ шуданд. <...> Мо [бо Русия] нақша дорем, ки имсол конҳои афзалиятнокро муайян кунем. Фикр мекунам, ки соли оянда мо мушаххасоти кор бо ин конҳоро пайдо хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Вазир қайд кард, ки Тоҷикистон бахши аъзами маҳсулоти нафту гази худро аз Русия ворид мекунад. Азхудкунии конҳои нави нафту газ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки кишвар содироти онҳоро ба ҷануб оғоз кунад.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 28 кони нафт ба қайд гирифта шуда, захираҳои тасдиқшуда дар кишвар беш аз 2 млн тоннаро ташкил медиҳанд ва 12 корхонаи коркарди нафт фаъолият доранд.
Тибқи иттилои Вазорати энержии Тоҷикистон, дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ беш аз 16,1 ҳазор тонна нафт тавлид шудааст, ки барои таъмини корхонаҳои коркарди нафт кифоят намекунад, аз ин рӯ ба кишвар маҳсулоти нафтӣ ва газ ворид мешавад.
Русия таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.