Маълум шуд дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 Тоҷикистонро киҳо муарррифӣ мекунанд

© Foto / Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики ТаджикистанСоревнования по отбору дзюдоистов для турнира Dushanbe Grand Slam 2025
Соревнования по отбору дзюдоистов для турнира Dushanbe Grand Slam 2025 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2025
Обуна шудан
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳайати мунтахаби ҷудои кишвар барои иштирок дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025-ро муайян кард
ДУШАНБЕ, 8 апр– Sputnik. Ахиран дар толори варзишии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон қувваозмоии интихоби миёни ҷудокорони беҳтарин баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин чорабинӣ бо ҳадафи таъмини шаффофият, интихоби сазовортарин варзишгарон ва омодагӣ ба Dushanbe Grand Slam 2025 роҳандозӣ шуд.
Қайд карда шудааст, ки ҷудокорони 7 вазн байни ҳам барои роҳхат ба яке аз бузургтарин мусобиқаҳои байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2025 мубориза бурданд.
Турнир Большого шлема в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2024
Иштироки шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam”
Пас аз рақобатҳои интихобӣ ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 муаяйн шуд.

Мардон:

Вазни - 60 кг: Ҳақдод Гулов, Меҳрзод Суфиев (–60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов.
Вазни - 66 кг: Эмомалии Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов, Шаҳбоз Саидабуроров
Вазни - 73 кг: Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳиддин Ассадулоев, Маҳмадшариф Наҷмиддинов.
Вазни - 81 кг: Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфидинзода.
Вазни - 90 кг: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музамммир Каримзод.
Вазни - 100 кг: Ҷаҳогир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов
Вазни +100 кг: Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев

Бонувон:

Вазни -48 кг: Аҳлия Муминова, Райҳона Розиқзода
Вазни -52 кг: Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева, Насиба Карликова.
Вазни -57 кг: Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова
Вазни -63 кг: Виктория Киселёва
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 рӯзҳои 2-4 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир мешавад
Лентаи хабарҳо
0