Ҳунармандони филармонияи Олтой дар Хуҷанд дарси маҳорати овозхониро баргузор карданд

Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд силсилаи машғулиятҳои маҳорати овозхонӣ ва рақс баргузор карданд. Ин дарсҳоро овозхонҳои машҳури Олтой гузаронданд
Дар шаҳри Хуҷанди дарсҳои маҳорати овозхонӣ ва рақсро ҳофизони пешқадами ансамбли сурудҳои халқии "Вечерки" ва ансамбли рақси русии "Огонки" доир карданд.
Ин машғулиятҳо дар Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд. Дар он ҳунармандони Олтой омӯзишҳои вокал ва хореография гузаронданд.
Чорабинӣ бо ибтикори Хонаи русҳо дар шаҳри Хуҷанд дар чаҳорчӯби гастроли Филармонияи давлатии кишвари Олтой дар Тоҷикистон, тайи рӯзҳои 1- 5 апрел идома кард.
Ҳунарнамоии зебои сарояндагони Олтой дар Точикистон: видео
Донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофизи шаҳри Хуҷанд усулҳои пешрафтаи овозхонии вокалиро азхуд намуда, инчунин асосҳои ҳаракат дар саҳна истифодаи забон дар иҷрои сурудхониро омӯхтанд.
Роҳбари Хонаи русҳо дар шаҳри Хуҷанд Татяна Мудрова қайд кард, ки дарсҳои маҳорат на танҳо имкони рушди касбии сарояндаҳои ҷавон, балки як қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии ҷавонони боистеъдоди вилояти Суғд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0