Ҳунарнамоии зебои сарояндагони Олтой дар Точикистон: видео

Обуна шудан
Ҳунармандони филармонияи вилояти Олтойи Русия ба Тоҷикистон омада, аллакай дар як қатор шаҳрҳои ҷумҳурӣ консерт доданд
Барномаи ҳунарии ҳунармандони филармонияи вилояти Олтой, ки "Тамоми ҷахон, тамоми халқ, тамоми сарзамин..." ном дорад, дар Тоҷикистондавом дорад.
Ҳунармандон аллакай дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҳунарнамоӣ кардаанд ва рӯзи 5 апрел дар шимоли кишвар – дар Хуҷанд консерт баргузор мекунанд.
Тамошобинони пойтахт ҳунарнамоиро, ки дар Филармонияи давлатии Точикистон ба номи Акашариф Ҷӯраевабаргузор шуд, бо кафкубиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.
Тоҷикистон фарҳангашро ба мардуми Русия намоиш медиҳад
Рақсҳои мардумии русӣ, таронаҳо аз солҳои ҷанг - барномаи консертӣ ба 80-умин солгарди Ғалабаи бузург бахшида шудааст, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Шоми мусиқӣ чӣ гуна гузашт - видеои моро тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0