https://sputnik.tj/20250409/gulmahmadzoa-ba-marosimi-bakhshida-ba-80-umin-solgardi-ishgholi-shahri-kenigsberg-davat-shud-1066909959.html
Гулмаҳмадзода ба маросими бахшида ба 80-умин солгарди ишғоли шаҳри Кенигсберг даъват шуд
Гулмаҳмадзода ба маросими бахшида ба 80-умин солгарди ишғоли шаҳри Кенигсберг даъват шуд
Sputnik Тоҷикистон
Волии Каленингради Русия ба сафири Тоҷикистон ваъда дод, талош мекунад барои сармоягузорон шароити мусоид фароҳам созад ва ба афзоиши гардиши мол мусоидат кунад
2025-04-09T10:48+0500
2025-04-09T10:48+0500
2025-04-10T02:15+0500
дар тоҷикистон
давлатшоҳ гулмаҳмадзода
сафир
русия
сиёсат
иқтисод
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066909784_0:63:1200:738_1920x0_80_0_0_40f66fb9f2dbdeb10bbfa16791752611.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар вилояти Калинингради Русия бо сафари корӣ ҳузур дорад ва дар доираи сафари худ бо волии вилояти Калининград Алексей Беспрозванних мулоқот кард.Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград дар соҳаҳои иқтисод, савдо, саноат, маориф, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар зимн, ҷонибҳо перомуни имконияти бастани созишномаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград ибрози назар намуданд.Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии ҳукумати вилояти Каленинград, волии ин минтақа дар ин дидор бо сафир ба таҳкими равобити байниминтақавӣ таъкид карда, омодагии худро барои афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷӣ ва афзоиши тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ иброз дошт.Волии Каленинград ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Русияро барои ширкат дар маросими бахшида ба 80-умин солгарди ишғоли шаҳри қалъаи Кенигсберг даъват кард ва аз аҳамияти ин чорабиниро барои ҳифзи хотираи таърихӣ таъкид кард.Ин дар ҳолест, ки сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қайд кард, ки Тоҷикистон талош мекунад, ки робитаҳои худро бо вилояти Калининград таҳким бахшида.Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, саноат, фарҳанг ва маориф изҳор намуданд.
https://sputnik.tj/20250404/rusiya-korkard-22-kon-naft-gaz-tojikiston-1066847138.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066909784_29:0:1096:800_1920x0_80_0_0_0327ee30bc569fc4e7fd008ca16084b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафир, гулмаҳмадзода, каленинград, даъват, солгард, афзоиш, гардиши мол, иқтисод, сиёсат
тоҷикистон, сафир, гулмаҳмадзода, каленинград, даъват, солгард, афзоиш, гардиши мол, иқтисод, сиёсат
Гулмаҳмадзода ба маросими бахшида ба 80-умин солгарди ишғоли шаҳри Кенигсберг даъват шуд
10:48 09.04.2025 (Навсозишуда: 02:15 10.04.2025) Волии Каленингради Русия ба сафири Тоҷикистон ваъда дод, талош мекунад барои сармоягузорон шароити мусоид фароҳам созад ва ба афзоиши гардиши мол мусоидат кунад
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар вилояти Калинингради Русия бо сафари корӣ ҳузур дорад ва дар доираи сафари худ бо волии вилояти Калининград Алексей Беспрозванних мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград дар соҳаҳои иқтисод, савдо, саноат, маориф, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар зимн, ҷонибҳо перомуни имконияти бастани созишномаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград ибрози назар намуданд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии ҳукумати вилояти Каленинград, волии ин минтақа дар ин дидор бо сафир ба таҳкими равобити байниминтақавӣ таъкид карда, омодагии худро барои афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷӣ ва афзоиши тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ иброз дошт.
Волии Каленинград ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Русияро барои ширкат дар маросими бахшида ба 80-умин солгарди ишғоли шаҳри қалъаи Кенигсберг даъват кард ва аз аҳамияти ин чорабиниро барои ҳифзи хотираи таърихӣ таъкид кард.
"Ҳамкории мо бо Тоҷикистон иқтидори бузург дорад. Мо талош мекунем, ки барои сармоягузорон шароити мусоид фароҳам биерем ва ба афзоиши гардиши мол мусоидат кунем. Муҳим аст, ки мо барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ талош мекунем. Ин ҳамкориҳои моро боз ҳам судмандтар мекунад”, — гуфт Алексей Беспрозванных.
Ин дар ҳолест, ки сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қайд кард, ки Тоҷикистон талош мекунад, ки робитаҳои худро бо вилояти Калининград таҳким бахшида.
"Мо имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифро мебинем. Талоши муштарак дар бахшҳои иқтисод, маориф ва сайёҳӣ ба мо имкон медиҳад, ки ба комёбиҳои назаррас ноил гардем”, - қайд кард Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, саноат, фарҳанг ва маориф изҳор намуданд.