https://sputnik.tj/20250409/bokhti-navrasoni-tojik-muntakhabi-koreyai-shimoli-1066914224.html
Бохти наврасони тоҷик аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ
Бохти наврасони тоҷик аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври 2-юми қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд
2025-04-09T14:12+0500
2025-04-09T14:12+0500
2025-04-10T16:59+0500
дар тоҷикистон
наврасон
мунтахаб
футбол
кореяи шимолӣ
бохт
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/09/1066914011_0:30:1280:751_1920x0_80_0_0_cdf685c12a9ac599a5640a4a0dbedb37.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 9 апр– Sputnik. Шоми гузашта дар доираи рақобатҳои даври 2-юми гурӯҳи "D"-имарҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё — 2025, наврасони 17-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ вохӯрӣ анҷом доданд.Ин бозӣ дар варзишгоҳи "Шоҳ Абдулло Сити Ҳолл" доир гардида, бо ҳисоби 0 бар 3 ба нафъи кореягиҳо ба охир расид.Мунтахаби Кореяи Шимолӣ ҳарсе голро дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд. Ду голро Пак Кванг – Сонг дар дақиқаҳои 50-ум ва 58-ум зад. Голи сеюмро Ри Канг - Рим дар дақиқаи82-юм ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.Бозии дигари гурӯҳи "D" миёни Уммон U-17 ва Эрон U-17 бо ҳисоби 3 бар 2 ба нафъи уммониҳо ба охир расид.Ба ҳамин тартиб пас аз ду давр Кореяи Шимолӣ бо 4 давр дар мавқеи аввал буда, Тоҷикистон ва Уммон бо 3 имтиёзӣ дар ҷойҳои 2-юму 3-юм қарор доранд. Эрон бо як хол дар мавқеи охири гурӯҳ ҷой гирифтааст. Ёдовар боядшуд, ки аз ҳар гурӯҳ 2 даста ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.Дар даври 3-юм, санаи 11-уми апрел Эрон бо Тоҷикистон ва Уммон бо Кореяи Шимолӣ дидор анҷом медиҳанд ва дастаҳое, ки имтиёзҳои бештар касб мекунанд ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ меёбанд.Дар бозии дигари даври ниҳоӣ дар ин гурӯҳ 11-уми апрел дар Ҷидда, дар варзишгоҳи “Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, дастаҳои наврасони Уммону Кореяи Шимолӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳарду бозии даври сеюм соати 22:15 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.То ҳоло се даста - Узбекистон, Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “А”), Индонезия (гурӯҳи “С”) – пешакӣ ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон шудаанд.
https://sputnik.tj/20250225/tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-mizboni-jomi-osiyo-futbol-1066352131.html
кореяи шимолӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/09/1066914011_16:0:1233:913_1920x0_80_0_0_13055152db948670ac5f5497392f61ea.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, футбол, варзиш, бохт, кореяи шимоль, наврасон, мунтахаб
тоыикистон, футбол, варзиш, бохт, кореяи шимоль, наврасон, мунтахаб
Бохти наврасони тоҷик аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ
14:12 09.04.2025 (Навсозишуда: 16:59 10.04.2025) Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври 2-юми қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 9 апр– Sputnik. Шоми гузашта дар доираи рақобатҳои даври 2-юми гурӯҳи "D"-имарҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё — 2025, наврасони 17-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Кореяи Шимолӣ вохӯрӣ анҷом доданд.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи "Шоҳ Абдулло Сити Ҳолл" доир гардида, бо ҳисоби 0 бар 3 ба нафъи кореягиҳо ба охир расид.
Мунтахаби Кореяи Шимолӣ ҳарсе голро дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд. Ду голро Пак Кванг – Сонг дар дақиқаҳои 50-ум ва 58-ум зад. Голи сеюмро Ри Канг - Рим дар дақиқаи82-юм ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.
Бозии дигари гурӯҳи "D" миёни Уммон U-17 ва Эрон U-17 бо ҳисоби 3 бар 2 ба нафъи уммониҳо ба охир расид.
Ба ҳамин тартиб пас аз ду давр Кореяи Шимолӣ бо 4 давр дар мавқеи аввал буда, Тоҷикистон ва Уммон бо 3 имтиёзӣ дар ҷойҳои 2-юму 3-юм қарор доранд. Эрон бо як хол дар мавқеи охири гурӯҳ ҷой гирифтааст. Ёдовар боядшуд, ки аз ҳар гурӯҳ 2 даста ба марҳилаи плей-офф роҳ меёбанд.
Дар даври 3-юм, санаи 11-уми апрел Эрон бо Тоҷикистон ва Уммон бо Кореяи Шимолӣ дидор анҷом медиҳанд ва дастаҳое, ки имтиёзҳои бештар касб мекунанд ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Дар бозии дигари даври ниҳоӣ дар ин гурӯҳ 11-уми апрел дар Ҷидда, дар варзишгоҳи “Шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити Холл”, дастаҳои наврасони Уммону Кореяи Шимолӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳарду бозии даври сеюм соати 22:15 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
То ҳоло се даста - Узбекистон, Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “А”), Индонезия (гурӯҳи “С”) – пешакӣ ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон шудаанд.