https://sputnik.tj/20250409/azsargiri-parvozhoi-somon-eyr-dushanbe-krasnoyarsk-1066909543.html
Азсаргири парвозҳои "Сомон Эйр" дар хатсайри Душанбе - Красноярск – Душанбе
Азсаргири парвозҳои "Сомон Эйр" дар хатсайри Душанбе - Красноярск – Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Шурӯъ аз 14-уми апрел парвозҳо дар хатсайри Душанбе - Красноярск – Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе сурат мегиранд
2025-04-09T09:36+0500
2025-04-09T09:36+0500
2025-04-09T09:36+0500
дар тоҷикистон
сомон эйр
парвозҳо
красноярск
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039787835_0:57:1200:732_1920x0_80_0_0_d240ea82cbac21835d46c56370cc3267.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иҷрои парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе - Красноярск – Душанбе аз сар мегирад.Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" хабар дод.Ба иттилои манбаъ, парвозҳо дар ин масир шурӯъ аз 14-уми апрел ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе сурат мегиранд.“Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ гардида, вақти парвоз аз Душанбе 13:30, аз Красноярск 20:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Красноярск 3 соату 45 дақиқа, дар самти баргашт 4 соатро ташкил медиҳад”, - қайд кардааст ширкати "Сомон Эйр".Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" таъкид кардааст, ки барқарор шудани парвозҳо миёни Душанбе ва Красноярск аз ҷидду ҷаҳди Сомон Эйр бобати тавсеаи шабакаи парвозҳо ва фароҳам овардани робитаи қулаю муносиб байни нуқтаҳои муҳими Тоҷикистону Россия шаҳодат медиҳад.“Хатсайри мазкур ҳамчунин барои таҳкими равобити фарҳангиву иқтисодии байни давлатҳо иқдоми муҳим мебошад. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" пайваста баҳри пешниҳоди хизматрасонии босифат ва таъмини иҷроиши саривақтии парвозҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад ва ин омил дар навбати худ ба интихоб шудани ширкат аз ҷониби сайёҳон ҳамчун интиқолдиҳандаи боэътимод боис мегардад”, – иброз дошт Абдулқосим Валиев.Ширкати ҳавопаймоӣ қайд кардааст, ки чиптаҳо фурӯшӣ алакай дастрас мебошанд.Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз соли 2008 фаъолият дорад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.Айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои мунтазамро ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20250129/tojik-eyr-havopaymo-faol-parvozho-anjom-dihad-1066040080.html
красноярск
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039787835_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_55433d8f75744f39bc303b4b99839e5d.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сомон эйр, ширкат, ҳавопаймоӣ, душанбе, красноярск, парвоз
тоҷикистон, сомон эйр, ширкат, ҳавопаймоӣ, душанбе, красноярск, парвоз
Азсаргири парвозҳои "Сомон Эйр" дар хатсайри Душанбе - Красноярск – Душанбе
Шурӯъ аз 14-уми апрел парвозҳо дар хатсайри Душанбе - Красноярск – Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе сурат мегиранд
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" иҷрои парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе - Красноярск – Душанбе аз сар мегирад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ширкати Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо дар ин масир шурӯъ аз 14-уми апрел ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе сурат мегиранд.
“Парвозҳо дар ин масир тариқи ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 амалӣ гардида, вақти парвоз аз Душанбе 13:30, аз Красноярск 20:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Красноярск 3 соату 45 дақиқа, дар самти баргашт 4 соатро ташкил медиҳад”, - қайд кардааст ширкати "Сомон Эйр".
Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" таъкид кардааст, ки барқарор шудани парвозҳо миёни Душанбе ва Красноярск аз ҷидду ҷаҳди Сомон Эйр бобати тавсеаи шабакаи парвозҳо ва фароҳам овардани робитаи қулаю муносиб байни нуқтаҳои муҳими Тоҷикистону Россия шаҳодат медиҳад.
“Хатсайри мазкур ҳамчунин барои таҳкими равобити фарҳангиву иқтисодии байни давлатҳо иқдоми муҳим мебошад. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" пайваста баҳри пешниҳоди хизматрасонии босифат ва таъмини иҷроиши саривақтии парвозҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад ва ин омил дар навбати худ ба интихоб шудани ширкат аз ҷониби сайёҳон ҳамчун интиқолдиҳандаи боэътимод боис мегардад”, – иброз дошт Абдулқосим Валиев.
Ширкати ҳавопаймоӣ қайд кардааст, ки чиптаҳо фурӯшӣ алакай дастрас мебошанд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз соли 2008 фаъолият дорад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.
Айни замон ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои мунтазамро ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.