Эҳёи "Тоҷик Эйр": Ширкат бо як ҳавопаймои фаъол мехоҳад ба 5 ноҳия парвозҳо анҷом диҳад

© Фото : Пресс-служба "Таджик Эйр"Самолёт "Таджик Эйр", архивное фото
Самолёт Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2025
Обуна шудан
Шираки "Тоҷик Эйр" ният дорад дар оянда ба дигар минтақаҳои кишвар парвозҳоро роҳандозӣ намояд, то ки барои сафари осону бехатари мусофирон мусоидат намоянд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тавре раҳбари Агентии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло зимни нишасти матбуотӣ қайд карданд, ширкати "Тоҷик Эйр" ҳоло танҳо як Ан - 28-и фаъол дорад, ки дар хатсайрҳои маҳаллӣ фаъолият дорад.
Оқои Назарзода таъкид кард, ки ширкат ду ҳавопаймои Ан - 28-и дигар низ дорад, ки дар назар аст, баъди таъмир онҳо низ дар хатсайрҳои маҳаллӣ истифода шаванд.
Ҳамчунин раҳбари Агентии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон гуфт, ки айни ҳол парвозҳо дар самти Хоруғ, Кӯлоб ва Панҷакент амалӣ шуда, дар нақша парвозҳо ба самти Лахш ва Рашт мебошанд, иттилоъ доданд масъулини "Тоҷик Эйр".
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ширкати “Тоҷик Эйр” эълон карда буд, ки бо мақсади осон гардидани рафтуомади шаҳрвандон ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, дар самти кушодани хатсайрҳои маҳаллӣ як қатор корҳои назаррас ба вуқуъ пайвастанд.
Азҷумла, 3 октябри соли 2024 дар хатсайри Душанбе – Хоруғ, 15 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Кӯлоб, 24 январи соли 2025 дар хатсайри Душанбе – Панҷакент парвозҳои мунтазам оғоз гардиданд.
Самолет авиакомпании Tajik Air. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2025
“Тоҷик Эйр” шумораи парвозҳо бо давлатҳои хориҷи дуру наздикро зиёд мекунад
Ширкати “Тоҷик Эйр” қайд кард, ки дар ояндаи наздик нақша дорад, ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ парвозҳоро роҳандозӣ намояд, ки ин ҷиҳати осон ва бехатар сафар намудани мусофирон мусоидат менамояд.
Масъулини ин ширкат қайд карда буданд, ки роҳандозии хатсайрҳои нав дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар, барои тамошои меҳмонону сайёҳони хориҷиву дохилӣ аз мавзеъҳои фарҳангиву таърихии кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт.
Лентаи хабарҳо
0